«Барселона» 11-умин маротиба Суперҷоми Испанияро соҳиб шуд
Бозии ниҳойии мусобиқаи Суперҷоми Испания миёни тимҳои «Барселона» ва «Атлетико», ки шаби гузашта дар варзишгоҳи «Камп Ноу» (Барселона) баргузор шуд, мусовӣ анҷом ёфт.
Чун “Барселона” дар бозии аввал дар меҳмонӣ ба дарвозаи ҳариф гол зада буд, барандаи сабқат шуд. Ин дидор шоми 21-уми август дар варзишгоҳи «Висенте Калдерон»-и Мадрид бо ҳисоби 1:1 поён ёфт.
Дар дидори дишаба ҳар ду даста натавонистанд аз ҳолатҳои хуби голзанӣ истифода намоянд.
Тими «Барселона», ки моҳи май маротибаи 22-юм қаҳрамони футболи Испания шуд, барои 11-умин маротиба Суперҷомро соҳиб гардид. Дар мавсими сипаришуда Суперҷомро «Реал»-и Мадрид ба худ ихтисос дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |