Ташвиши Амрико аз эҳтимоли қочоқи силоҳи ҳастаӣ тариқи Тоҷикистон
Ҷофрей Одлум, раиси шуъбаи мубориза бо терроризм ва силоҳи ҳастаии Департаменти давлатии Амрико, ки бо як ҳайати корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дар як суҳбати кутоҳе ба “Озодагон” ҳадафи сафарашонро шарҳ дод.
Одлум изҳор дошт, ки "ҳоло аз Тоҷикистон бисёри қочоқчиён мегузаранд, бахусус маводи мухаддир, мошинҳо ва одамрабоӣ ва ҳароси мо аз ин аст, ки қочоқи маводи ҳастаӣ ба миён наояд ва ҳадаф аз сафару ҳамкории мо низ бо ҳукумати Тоҷикистон, пешгирии ин зуҳурот аст."
Ин дипломати амрикоӣ изҳор дошт, “мо бо ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди мубориза алайҳи маводи ҳастаӣ мулоқотҳо анҷом дода истодаем, зеро ба андешаи мо Тоҷикистон дар мубориза алайҳи маводи ҳастаӣ яке аз шарикони асосии ИМА мебошад.”
Ӯ афзуд, ки “дар ҳайати гуруҳи мо мутахассисон аз ФБР ва вазорати энергетикаи Амрико шомиланд ва бо ҳамтоёни тоҷики худ усулҳои истифодашаванда алайҳи кочоқи маводи ҳастаиро баррасӣ менамоянд. Яке аз мақсадҳои асосии мо ин дар миёни сохторҳои давлатии Тоҷикистон, бахусус Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ роҳандозии ҳамкорӣ алайҳи қочоқи маводи ҳастаӣ мебошад. Аз таҷрибаҳои худамон гуфта метавонам, ки аз ҳама роҳи беҳтарин ва муваффақтарини пешгирии қочоқи маводи ҳастаӣ ин ҳамкорӣ миёни ВКД, сарҳадбонон ва КДАМТ мебошад.”
Ба иттилои Одлум, Вазорати энергетикаи ИМА ба хулосае омадааст, ки барои Тоҷикистон як мошини санҷандаи сатҳи радиатсияро пешниҳод кунанд.
Одлум зикр кард, ки моҳи ноябри соли 2011 як санаде миёни Тоҷикистон ва ИМА оид ба мубориза алайҳи қочоқи маводи ҳастаӣ ба имзо расид, ки аз 31 қадам иборат мебошад: “Мо аз он хушҳол мебошем, ки ҷониби Тоҷикистон дар давоми ду соли баъди имзои санад дар садди роҳи қочоқи маводи ҳастаӣ ва вокуниш нишон додан ба он бисёр муваффақ буд. Вале бояд гуфт, ки мо бояд дар ин самт ҳамкориҳоро боз ҳам зиёдтар кунем. Мо барои ҳамкории зиёд ва хубтар дар ин самтҳо ба Тоҷикистон таҷҳизот ироа мекунем ва тренингҳо мегузаронем.”
Дар мавриди партовгоҳҳои урани Тоҷикистон Одлум изҳор дошт, ки “тибқи тадқиқот ва маълумотҳои ба мо расида, дар ин ҷо урани ғанигардонидашуда вуҷуд надорад. Тоҷикистон дар амалӣ намудани созишномаҳои байналмилалӣ, ки зери он имзо гузоштааст, бисёр фаъол мебошад ва тамоми он бандҳои санади ба имзо расидаи миёни Душанбею Вашингтонро иҷро мекунад.”
Одлум таъкид намуд, ки то кунун ягон қочоқи маводи ҳастаӣ сабт нашудааст ва ман фикр мекунам ин яке аз нишондиҳандаи муваффақиятҳои ИМА дар ин самт мебошад: “То ҳанӯз ягон терроризме ба қайд гирифта нашудааст, ки дар он маводи ҳастаӣ истифода шуда бошад. Танҳо як ду ҳолат пешгирӣ карда шудааст, барои мисол соли 2010 дар Гурҷистон ва инчунин дар Молдавия сади роҳи қочоқи маводи ҳастаӣ гирифта шуд.”
Дар мавриди авзои минтақа баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ин диплмати амрикоӣ изҳор дошт, ки умед дорад, вазъ он қадар бад нахоҳад шуд: “Ҳамкории мо баъд аз соли 2014 низ бо Афғонистон идома хоҳад ёфт. Ман дар соли 2011 ва 2012 дар ҳайати гуруҳи корие дар Афғонистон бо ҳамтоёни афғони худ оид ба вазъи ин кишвар баъд аз соли 2014 гуфтугу доштам. Мо хостем баъд аз соли 2014 дар соҳаи иқтисоду дипломатия дар ин минтақа боқӣ монем. Ман хушбин мебошам, ки вазъият дар минтақа баъд аз соли 2014 он қадар бад намешавад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |