Таҳдиди худкушии Қумрӣ Ҳафизова ва ишора ба бетарафии Зоирову Кабирӣ
Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов таҳдид дорад, ки дар сурати истирдоди шавҳараш аз Дубай ба Душанбе қасди ҷони худ ва фарзандонаш хоҳад кард.
Ин нуктаро Ҳафизова дар суҳбат бо Николай Николаев вакили дифои Умаралӣ Қувватов изҳор намудааст.
Ҳафизова дар мукотиба бо Николайев навиштааст, ки “танҳо мондам. Метавонам журналистонро даъват кунам, то чӣ тавр зиндагӣ кардани маро сабт намоянд. Кӯдаконам ҳатто либос надоранд, ки ба сайругашт бароянд.”
Ҳамсари Қувватов бо тасвири вазъи зиндагии оилааш ҳушдор медиҳад, ки дар сурати истирдоди шавҳараш даст ба ҷони худ ва кӯдаконаш хоҳад зад.
Ин ҳушдори Қумрӣ Ҳафизова дар пасманзари гуфтугузорҳо оиди истирдоди Қувватов ба Душанбе аст, ки гуфта мешавад додгоҳи таҷдиди назари Дубай низ аллакай онро тасдиқ кардааст.
Аммо Николай Николаев ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки ахиран дар мавриди истирдод бо худи Умаралӣ суҳбати телефонӣ доштааст: “Умаралӣ бори дигар таъкид намуд, ки парвандаи ӯ маҳаки сиёсӣ дорад ва ягон мурофиа дар додгоҳи таҷдиди назари Дубай то ҳол ҷой надоштаст. Умаралӣ мегӯяд, қарори судро надидааст ва ҳаққи пешниҳоди даъво надорад. Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ наздаш роҳ дода намешаванд ва шароити нигаҳдории ӯ ба талабот ҷавобгӯ нест. Ӯ мегӯяд, ба истирдод омода аст, аммо бовар дорад чунин амал ғайриқонунӣ хоҳад буд, чунки дар ин кор далелҳои поймол шудани ҳуқуқи ӯ мавҷуданд.”
Николайев афзуд, ки масъалаи ироаи паноҳгоҳи сиёсӣ ба Қувватов дар чанд кишвари Аврупо дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, “вале дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Аморат ба ин мухолифат доранд, ки ин аллакай нақзи қонун аст.”
Вакили мудофеи Қувватов бо зикри он, ки беш аз 200 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон алайҳи истирдоди зерҳимояаш изҳорот имзо кардаанд, аз бетарафии раҳбарони мухолифини тоҷик изҳори нигаронӣ кард: “Маълум аст, ки бештар аз 200 нафар зери муроҷиатнома ба ҳимояти Қувватов имзо намудаанд, аммо миёни онҳо имзои сардори ду ҳизби мухолиф, Кабирӣ ва Зоиров нест.”
Дар зимн як гуруҳ рӯшанфикрони тоҷик, 22-юми август, бо пахши як муроҷиатнома аз мухолифин ва фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон хостанд, ки алайҳи истирдоди Қувватов ба Душанбе садо баланд кунанд, чун муътақиданд, ки ӯро дар Ватан шиканҷа ва дигар бадрафторӣ интизор аст.
Маврид ба зикр аст, ки тобистони соли гузашта дар Маскав аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов “Гурӯҳи 24” ташкил шуд ва бо даъвати ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ба нагузоштани номзадиаш дар интихоботи соли 2013 дар забони матбуот афтод. Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Баъди таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зиддунақиз дода мешаванд, аммо худи Қувватов онро рад мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |