Фаъолони ноҳияи Рашт низ нишон доданд, ки дар антинаҳзатӣ будан аз намояндаҳои дигар манотиқ кам намеоянд. Раштиҳо дар як ҷаласа, ки дар пасманзари мулоқоти райисҷумҳур бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор шуда ва шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дод, “пуху парах”-и Ҳизби наҳзатро бароварданд. Онҳо бо шукронаи тинҷиву ободӣ аз мардум даъват ва ҳатто талаб мекарданд, ки ба ҳизбу гуруҳҳое, ки ҳадафашон тафриқаандозист шомил нашаванд. Бештари онҳо ҳарчанд дақиқ намегуфтанд, аммо маълум буд, ки манзурашон ҲНИТ аст. Билохира яке аз онҳо ба қавли мардум аз баҳри “шаф-шаф” гузашта, изҳор дошт, ки ҳизби наҳзат олудаи манфиату ғаразҳост. Ӯ гуфт чанд наҳзатиро мешиносад, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ному насаби худро тағир дода буданд ва баъди оромӣ дигарбора ба номҳои аслияшон баргаштанд. Ва боз хеле чизҳои дигар. Вақте гуфт, “алҳамдулиллоҳ аъзои ҲНИТ нестам”, ҳатто чанд толоракӣ каф куфт.