Полковники мустаъфии амният дар мавриди куштори Фазлиддин Муҳаммадиев
Муҳаммади СУЛТОН, журналист, полковники мустаъфии хадамоти амният.
Бори нахуст бо устод Фазлиддин Муҳаммадиев аввали солхои 70-уми асри гузашта, хангоми дар рӯзномаи русизабони «Комсомолец Таджикистана» адои вазифа намудан вохӯрда будам. Устод порчае аз романи ба наздикиҳо иншонамудаи «Палатаи кунҷакӣ» - ашро ба русӣ тарҷума намуда, барои чоп оварда буданд.
Идораи рӯзнома баробари нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» дар бинои кӯҳнаи якошёнаи солҳои 30-юм қоматафрохтаи мавзеи Хонаи матбуот маскан дошт. Ягона роҳрави нимторик ҳама вақт пури равуокунанадаҳо буд. Мардум он солҳо ба матбуот дилбастагии хосае дошт ва омада мушкилу осонашонро бо аҳли рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамроҳ муҳокима мекарданд. Алалхусус, ки аксари кормандони ин нашрияҳо шоирону нависандагон ва мунаққидону мутарҷимони баркамоли адабиёти муосир маҳсуб мешуданд.
Он рӯз наздикиҳои нисфирӯзӣ ҳуҷраи кории майдаякеро, ки шаш-ҳафт мизи корӣ дошту паси ҳар яки онҳо ҷавонзанҳои сигоркаш нишаставу эҷод мекарданд, чун ҳарвақта дуди ғализе печонда буд.
Устод баробари вориди ҳуҷра гаштан лаҳзае синчакунон ба нишастагон нигаристу сӯи мизам қадам гузошт. Ба эҳтиромаш аз ҷой бархоста ду-се қадам пеш гузоштам. Устод гӯё, ки бо шиноси наздикаш бошад, бо ман басо самимӣ аҳволпурсӣ карда, лаҳзае пас мақсадро баён карданд: - Сармуҳаррирро дар ҷойи кораш наёфтам. Аз ин рӯ порчаеро аз романи «Палатаи кунҷакӣ» дар наздатон мемонам, то ба он кас расонед…
Коғазҳояшонро «Бо чашм!» - гӯён рӯи миз гузоштам. Устод баъди лаҳзае пас гаштанду бо овози тасаллибахшашон шӯхиомез суол карданд:
- Дар миёни ин кӯрдуд худро чӣ навъ ҳис мекунед?
- Бад не устод, одат карда мондаам…
Устоди забардасти сухани бадеъ табассуми ширине карданду бо маданияти баланди ба худашон хос солору
самимона хайрухӯш карда баромада рафтанд. Нигоҳи пур аз меҳру чеҳраи пурҷозибаи устод Фазлиддин Муҳаммадиевро, ки аз он гӯё нури илоҳӣ мерехт, бори нахуст аз наздик дида, овози нарму оромонаашро шунида, миёни саҳни ҳуҷра моту маҳбут меистодам.
Баъдан солҳои дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба ҳайси мудири шӯъбаи ташвиқу тарғиб ва котиби масъул адои вазифа намудан, борҳо муяссарам гардида буд, то сӯҳбатҳои пур аз зарофату самимияти устод Фазлиддин Муҳаммадиев – ин инсони пуртамкини фозилу орифи рангинсуханро аз наздик мушоҳида намоям. Албатта, аз дӯстон ва ё шогирдони наздики устод набудам ва сӯҳбати он кас аҳён-аҳён муяссарам мегашт.
Вале ҳикояти имрӯзаам ёде аз сӯҳбатҳои пур аз ҳикмату зарофати ин марди ҳамеша хандонрӯ, қадрдону ҳақшинос, ки аслан барои таскини дилу хотири ҳамсӯҳбатон мегуфт, нест. Сухан аз тири аҷал аст, ки баҳори умри ӯро хазон сохтаву дар дили азизону пайвандон, ёру дӯстон ва ҳаводорони насраш ҳазорон дарду доғ боқӣ гузошт. Сад ҳайф, ки чунин марди соҳиби қалби бузург ва накӯ, ошиқи зебоиҳои зиндагӣ дар айёми камолот ва шукуфоӣ ҷаҳонро падруд гуфт.
Табассумкунону хандон-хандон ин дунёро тарк ва доғи ҳасрате дар дили ҳазорон пайвандону дӯстон, ҳаммаслакону шогирдон ва мухлисонаш гузошту рафт. Хазорон афсӯс, вале чӣ илоҷ? Чунин мешуморанд, ки одамони неку бузург дӯстдоштаи Парвардигоранду пайваста сӯи ӯ равонанд.
Бо ҳукми тақдир чандин солҳо дар соҳаи хадамоти амнияти давлатии Тоҷикистон ифои вазифа менамудам. Кор дар ин ҷода бароям чандон душворӣ надошт, зеро аслан бо зиёиён сару кор доштам. Ба серкорӣ нигоҳ накарда, касби асосӣ - журналистиро ҳам идома медодам ва ҳар замон дар нашрияҳои даврӣ мақолаву очеркҳоям ба табъ мерасиданд. Сарварии Дафтари матбуоти КГБ - ро, ки он замон ҳанӯз сохтори алоҳида набуду кормандону басти муайяне надошт, низ ба ӯҳдаам гузошта буданд.
Субҳи яке аз рӯзҳои тобистони соли 1986 ҳангоми вориди бинои идораи КГБ шудан аввалтар аз ҳама хадамоти навбатдориро хабар гирифтам. Хамкоронам қабл аз ҳама корашонро аз ҳамин ҷо оғоз мекарданд, зеро ин яке аз хадамотҳое буд, ки тӯли 24 соат бефосила фаъолият ва оиди тамоми ҳодисоти ҷумҳурӣ иттилоъи комиле дошт.
Иван Смоляков, ки бо ӯ ҳамроҳ дар як шӯъба адои вазифа менамудем ва он шабро ба сифати сардори навбатдорҳо рӯз карда буд, маро дидан замон саросема изҳор намуд: - Султонҷон, шаб ба ҷони яке аз бонуфузтарин нависандаҳои тоҷик Фазлиддин Мухаммадиев сӯиқасд кардаанд. Гурӯҳи таъҷилии мо ба ҷойи ҳодиса рафта буд. Фазлиддин – ако ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастанд. Роҳбарият аз ҳодиса огоҳанд…
Ба ошёнаи дуюм баромада вориди ҳуҷраи корӣ гаштаму сандуқи калони оҳаниро кушода коғазҳоро рӯи миз гузошта будам, ки дар кушода шуду шитобзада сардори шӯъба Муҳаммад Ҳакимович Сироҷиддинов ворид гашт. Ба саломи ҳарбиёнаам аҳамият надода, изҳор намуд: - Тез наздам даро!
Муҳаммад Ҳакимович аллакай аз панҷоҳ гузашта буду мо зердастон барои ғамхориҳои падаронаву ростқавлӣ, дониши васеъву ҳақпарастиаш ӯро беш аз дигарон нағз медидему эҳтиромаш мекардем. Аслан ӯ омӯзгор ва баъдан сарвари яке аз шӯъбаҳои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон шуда кор мекард, ки бо илму маориф сарукор дошт.
Ҳангоме ки дохили ҳуҷраи кории сардор гардидам, Муҳаммад Ҳакимович рӯи миз коғазеро варақзанон «оҳ» - гӯён афсӯс мехӯрд. Сӯям нигариста таклифи нишастан кард ва сухан оғоз намуд: - Имшаб як фоҷиаи барои мардуми тоҷик гароне рух дод. Ба ҷони нависандаи некном Фазлиддин Муҳаммадиев дар қаламрави Қарияи Боло қасд кардаанд. Ӯ бо ҷароҳатҳои ниҳоят вазнини дар беморхона бистарӣ аст. Қабл аз ҳама бо устод Мӯъмин Қаноат вохӯрда аниқ муайян намудан лозим, ки ин сӯиқасд чӣ ҷанбае дошта бошад. Тахмин бист сол қабл Фазлиддин Муҳаммадиев китоби «Дар он дунё» - ро иншо намуда буд, ки он на ба ҳама, хусусан дар хориҷи кишвар, писанд омада буд. Имконоти фавриву расмиро истифода карда, оиди вазъи кунунии Иттиҳоди нависандагон ва алалхусус, гирду атрофи сӯиқасдро оҷилӣ муайян кардан зарур аст. Парвандаи ҷиноиро оиди ин ҳодиса раёсатҳои шаҳрии прокуратура ва милиса оғоз кардаанд. Бо муфаттишон ва аснодҳо аз наздик рафта шинос шав. Аз тамоми навигариҳои ин парванда маро фаврӣ огоҳ соз... Муайяннамудани сабабҳову омилҳои сӯиқасд ва ширкаткунандагони он қарзи ҳар яки мо назди имрӯзу фардо хоҳад буд…
Пас аз соате бо устод Мӯъмин Қаноат, ки сарварии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистонро ба ӯхда дошт ва чун намояндаи Шӯрои Олии СССР ва Кумитаи масоили хориҷии он пайваста ба хориҷи кишвар сафар мекард, сӯҳбат доштам. Ин инсони покниҳоду поксиришт ва чун булӯри кӯҳии диёраш софу беолоиш аз чунин анҷом гирифтани кор ҳайратзадаву ошуфта буд: - Ба ростӣ, ақли солим назди ин кирдори разилона оҷиз мемонад, оҳ кашиданд устод. Охир, ин гургбачаҳои дар домани модар тарбиятёфта аз ҷинси инсонанд ва ё махлуқ?!
Бо устод Мӯмин Қаноат наздики ду соат сӯҳбат доштем. Дар ин миён устодон Лоиқ, (рӯҳашон шод бод!), Фотеҳ Ниёзӣ, (рӯҳашон шод бод!), Миршакар (рӯҳашон шод бод!), Аскар Ҳаким, Ӯрун Кӯҳзод, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Ибод
Файзуллоев, (рӯҳашон шод бод!), Маъсуд Муллоҷонов (рӯҳаш шод бод!), Михаил Левин (рӯҳашон шод бод!) ва чанде дигарон, ки аксарашон ба дидорбинии нависандаи забардасти аз банди аҷал раста рафта буданд, ба ҳуҷраи кории Мӯъмин Қаноат даробуро доштанд, маслиҳатҳо медоданд ва аз ӯ маслиҳат мегирифтанд. Зимни сӯҳбат устод фарзияи барои китоби «Дар он дунё» аз Фазлиддин Муҳаммадиев қасд гирифтани ифроткорони исломиро қатъӣ рад намуд: - Муддати бист соли баъди нашри «Дар он дунё» нашунидаам, ки оиди таҳдиди ашхосе Фазлиддин ақаллан боре назди дӯстон, шогирдон, ҳаммаслакон ишорае карда бошад. Дар дохилу хориҷи кишвар низ дар ин хусус чизе нашунидаам…
Баъдан бо адабиётшинос ва мунаққид Ҷӯрахон Бақозода, ки ҳамон шаб устод Фазлиддин Муҳаммадиевро дар шафати толори кинову консерти «Борбад», аз миёни роҳи тӯлкашидаи ҳавлиҳову беморхонаи Қарияи Боло, ҷониби тангкӯчаи Шараф – ҷойи зисташ гусел карда буд, дар алоҳидагӣ сӯҳбат доштам. Кормандони прокуратураи шаҳр ӯро даъват карда, аллакай баёнот гирифта буданд. Устод Ҷӯрахон Бақозода, ки баданаш ҳанӯз пас аз он фоҷиа пур аз захм буд, кирдори разилонаи роҳзанони ваҳширо якояк муфассал ҳикоя карданд…
Дар мавзеи Қарияи Боло, замоне ки кӯчаҳо холӣ ва мардуми шаҳр ба хоб рафта буданд, ҳангоми гардиш ба сӯи тангкӯчаи Шараф нависандаи Халқии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти Давлатии ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев ва адабиётшиносу мунаққид Ҷӯрахон Бақозодаро даҳ – дувоздаҳ нафар ҷавонони нашъаву шаробнӯшида иҳота мекунанд. ( Аз маводҳои парвандаи ҷиноӣ):
Яке аз онҳо рӯи даст намоишкорона кордеро бозӣ медоронд.
- Сигор дорӣ, тағо? – пурсид йигитчаи маст.
- Якбора баровардани пулро ҳам фаромӯш накун!- амр кард дигаре.
Чун ҷавоби радро шуниданд, ба шӯру валвала пардохтанд.
Аз мобайни нашъакашидагиҳову шикамсерӣ нӯшидагиҳо як паканае баҳузур ба китфи устод Фазлиддин Муҳаммадиев такя карда, файласуфона «маслиҳат» додан гирифт: - Раис, ҷанҷол, муқобилат, ину он ҳеч фойида надорад. Дар ин қаламрав мо хӯҷаинем, мо! Кисаҳоятро холӣ кун, ба мо пул даркор…
Қисаҳои нависандаро тагу рӯ карда, доруи дарди дил ва коғазҳоро бо писханду заҳрханд пас гардонданд. Аз кисаи мунаққид ҳам чизе ёфта натавонистанд. Устоди сухан, ки тӯли умраш таъми пастиву баландии рӯзгорро хуб чашида буд, пеши ин гургони одамсурат сар фурӯ наовард.
- Ин коратон хуб не, мо ба шумо кордор нестем, монед хонаамон равем…
Рафтори оромонаву гуфтори хуби устод Фазлиддин Муҳаммадиев ваҳшисифатонро маҷбур сохт, то ҳардуро масхаракунон раҳо созанд.
Нав роҳ ҷониби хонаи устод Фазлиддин Муҳаммадиев гирифта буданд, ки Ҷӯрахон Бақозодаи ба муаллимаш содиқу ғамхор оқибати нофарҷоми ҳодисаро гӯё пешакӣ ҳис карда бошад, таклиф ба миён гузошт: - Устод, аз дасти ин ноҷинсҳо ҳама гуна кори паст меояд, биёед, беҳтараш гурезем, - ки он аз ҷониби Фазлиддин
Муҳаммадиев қатъӣ рад шуд.
- Аввалан ин ки гурехтан айб аст Ҷӯрахон, сониян худат нағз медонӣ - ку, ман сактаи дил дорам, ба ростӣ ки давида наметавонам…
Ҳамагӣ 30 – 40 метр роҳ паймуда буданд, ки таъқибкунандагон бо таъқиру надомату ҳақорат аз нав онҳоро печонда гирифтанду ин дафъа баҳонаи «сигору нос» - гӯён кисаҳояшонро аз нав «тафтиш» карданд. Ин бор низ суханҳои оқилонаву омиронаи устод Фазлиддин Муҳаммадиев галаи масту нашъазадаи роҳзанонро маҷбур сохт, ки сайдҳояшонро раҳо созанд.
Мубориза барои ҳаёту мамот ҳамоно идома дошт. Бори саввум худобехабарон адибонро печонда гирифта Ҷӯрахон Бақозодаро мушту лагадкӯб карда афтонданду аз кисаҳояш ду сум пулро дарёфтанд. Се нафари дигар устод Фазлиддин Муҳаммадиевро печонда гирифтаву дошта, чорумин аз кисаи ақиби шимаш 30 сум пулашро кашида гирифт. Ҷӯра Бақозодаро пайваста лагадкӯб карда, имкони аз ҷо хестан намедоданд. Устод Фазлиддин Муҳаммадиев, ки андоми боқувват дошт, то қадри имкон худро муҳофизат мекарданд.
Зарбааш ваҳшии бо корд ҳуҷумкардаро сарнагун сохт. Вале беш аз пеш симои одамӣ ин галаи хунхорро тарк мегуфт. Доду фарёди ҷонгудози адибу мунаққид онҳоро бештар ба шӯру шар андохтаву ваҳшонияташонро дучанд мекард. Сари сина, китф, шикам ва чанд ҷойи дигари бадани устод Фазлиддин Муҳаммадиев аз зарбаҳои сахту чандинкаратаи корд лолагун гашта буданд. Ҷӯрахон Бақозода рӯи роҳи асфалт афтида низ пайи ҳам зарбаи корд мехӯрд. Ӯ то ҷон дар рамақ дошт дасту пой мезад ва намегузошт, ки корд ба баданаш расад. Аз захмҳои бешумори дасту пояш хун мешорид. Устод Фазлиддин Муҳаммадиев лаҳзае аз зери зарбаҳои пайдарҳами корди хунхорони ноқисулақл раҳо ёфта барои мадад сӯи Ҷӯра Бақозода шитофт. Бо як зарбаи сахти ӯ яке аз қотилон, ки ба қасди дили шарикаш бехато заданӣ буд, рӯи раҳ пачақ шуд. Ҷӯрахон аз марги аниқ раҳо ёфт. Ҳамин вақт аз тахтапушташ дарди ҷонкоҳеро ҳис кард ва фаҳмид, ки ваҳшие ӯро аз ақиб нишон гирифтааст…
Ду адиби забардасти тоҷики оғуштаи хун ва бо аҷал дастугиребонгашта нисфишабӣ паҳлӯи таҳкурсии беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло танҳову зор, беҳолу бемадор ва хору залил маҷоли аз ҷой хестан надоштанд. Душанбешаҳр ба хоби ноз рафта буд…
Тӯли ҳафтаи аввал прокуратура ва милисаи шаҳрӣ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Селаи гургони асосии ҷинояткор аллакай дастгир шуда буданд. Сардори гурӯҳи прокуратураи шаҳри Душанбе, яке аз соҳибкасбони ботаҷриба Валерий Владимирович Хан дар ҳамдастӣ бо милисаи шаҳр субҳи 17-уми июн панҷ нафар гумонбаршудагонро боздошт намудаву сару либосҳояшонро субҳи барвақт аз таҳқиқ гузаронида буд.
Ба роҳи тайнамудаи чанде аз онҳое, ки гули сари сабади зиёиёни тоҷикро ба марг маҳкум намуда буданд, зеҳн монед:
Абдусалом Саидов, 21 сола, тоҷик, дорои маълумоти миёнаи нопурра, соли 1981 барои ғоратгарии гурӯҳӣ бо маслиҳати пешакӣ ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум гашта буд. Ҷойи охирини корашро ДОСААФ нишон додаст.
Мирзо Боев, 34 сола, тоҷик, маълумоташ миёнаи нопурра, дар ҳеч куҷо кор намекард. Ду маротиба ҷиноят содир карда, доғи судӣ доштааст. Соли 1981 барои дуздии гурӯҳӣ ба се сол маҳкум гаштааст. Дар колоннаи ислоҳию меҳнатӣ ҷинояти нав содир намуда, ба муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум гашт. Ҳамагӣ 20 рӯз қабл аз ин ҳодиса маҳбасро тарк карда баромада буд.
Саидвалӣ Азимов, 20 сола, тоҷик, бо маълумоти синфи 8, соли 1985 барои нашъамандӣ ба ду сол корҳои ислоҳотӣ маҳкум гаштааст. Муваққатан ба касби дуредгарӣ машғул буд.
Бояд хотиррасон намуд, ки дар мурофиаи судӣ ҷинояткорони асосӣ беҳаёҳона дурӯғ бофта, иштирокчиёни муҳокимаро ба ҳар роҳ ба иштибоҳ андохтанӣ мешуданд. Тӯли беш аз як ҳафтаи мурофиаи судӣ додгоҳи шаҳрӣ барои ба мақсади ғаразноки нияти куштани одам ва роҳзанӣ Азимов Саидвалиро ба муддати 12 солу чаҳор моҳ, Саидов Абдусаломро ба муддати 10 сол, Боев Мирзоро ба муддати 8 сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Нависандаи забардасти аз банди аҷал раста, устод Фазлиддин Муҳаммадиев, ки ҳафт захми нофарҷомро бо як азоби азиме тааммул мекарданд, анҷоми мурофиаро интизор нагашта, аз нав ба бемористони ҷарроҳӣ хобиданд. Зеро дасти чапи аз се ҷой захмбардоштааш дарди ҷонкоҳе дошт ва илоҷе ҷуз аз нав ҷарроҳӣ кардан набуд. Устоди аз мурофиаи тӯлонӣ хастагаштаву ҷарроҳии басо вазнинро аз сар гузаронида, болои мизи ҷарроҳӣ аз ҳуш рафтанд. Баъди гузашти ҳафт рӯз – 6 – уми октябри соли 1986 нависандаи маъруфу маҳбуби халқ Фазлиддин Муҳаммадиев дар сини 59 - солагӣ ба хоби абад раҳсипор гаштанд…
Аз байн ду сол сипарӣ гашт. Дар яке аз рӯзҳои аввали тирамоҳи соли 1988 ба унвони Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон лифофае бо мӯхру суроғаи КГБ – и СССР ворид гардид. Рӯйи мавод мӯҳри ранги сурхдоштаи «Зери назорати махсус» гузошта шуда буд, ки аз ҷиддӣ будани ҳуҷҷат гувоҳӣ медод. Пайнависи аз ҷониби роҳбарияти Кумита ва шӯъба навишташуда якуним саҳифаи коғази алоҳидаро ташкил медод. Бо мазмуни аснод шинос шуда дарёфтам, ки сухан оиди устод Фазлиддин Муҳаммадиев меравад. Мазмуни мухтасараш ин буд, ки манобеъи (агенти) Шӯъбаи махсуси Вазорати мудофиаи СССР (Особый отдел) дар ҳайҳати қувваҳои маҳдуди Шӯравӣ дар Афғонистон, афсари озартабор аз шаҳри Мазори Шариф иттилоъ додаст, ки нависанда Фазлиддин Муҳаммадиевро аслан барои иншои китоби «Дар он дунё» мусалмонҳои ифротӣ ба қатл расондаанд.
Шӯру шаре хест, ногуфтанӣ. Асноди КГБ – и СССР талаб мекард, ки тӯли се моҳ тамоми паҳлӯҳои ин масъала дақиқ омӯхта шуда, сипас ба унвони роҳбарияти Кумитаи амнияти СССР ҷавоби саҳеҳ ирсол гардад. Роҳбарони онвақтаи Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон ситоде ташкил намуданд, ки ба он тамоми щӯъбаҳои асосии таъҷилии Кумита – аз иктишофоту истихборот (разведкаву контрразведка) то шӯъбаи шаҳрӣ шомил буданд. Тамоми иттилоъи бадастомада фаврӣ таҳлил ва тавассути имконоти мухталиф аз нав таҳқиқ мешуд. Бо пайвандон, дӯстону шогирдон, адибону олимоне, ки устодро аз наздик мешинохтанд, пайваста вохӯриҳо барпо мешуданд. Прокуратура ва милисаи шаҳр аз нав ба мавзӯи марги нобаҳангоми устод Фазлиддин Муҳаммадиев рӯй оварданд. Рӯзҳо мегузаштанд, вале фарзияи «таҳдиди муллоҳои ифротӣ» нисбати устод ҳеҷ тасдиқи худро намеёфт. Маводҳои бешумори бадастомада шоҳиди он буданд, ки чунин «таҳдид» аслан вуҷуд надошт. Прокуратураву милисаи шаҳр дар колонияҳои ислоҳию меҳнатӣ - ҷое, ки ҷинояткорон – гунаҳкорони ин фоҷиа адои ҷазо мегузаштанд, пурсуҷӯи зиёде гузарониданд, вале натиҷаи дилхоҳе ба даст наомад. Хуллас, пас аз гузашти се моҳ ба унвони роҳбарияти КГБ СССР ҳуҷҷате пешниҳод гардид, ки иттилоъи манобеъи Шӯъбаи махсуси дар Афғонистон будаи қувваҳои маҳдуди Шӯравиро комилан рад мекард. Охири ҳамон сол намояндагони роҳбарияти КГБ СССР, ки ҳамасола фаъолияти тамоми сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистонро тафтишу таҳлил мекарданд, маводҳои ҷамъовардаро бори дигар аз назар гузаронида, оқибат барои аз «қайди махсус» баровардани масоили марбут ба марги устод Фазлиддин Муҳамммадиев иҷозат доданд.
Аз миён 27 сол сипарӣ гашт. Он тифлаконе, ки ҳамон солҳо нав чашм ба дунёи равшан кушуда буданд, имрӯз аллакай ба синни ҷавонмардӣ расидаву соҳиби фарзандҳо гаштаанд. Ҳодисаҳои зиёди он солҳо рухдода бо мурури замон аз хотираҳо зудуда шудаанд, вале фоҷиаи 15 – уми моҳи июн дар Қарияи Боло рухдода, ки як марди зебо, соҳибҳунару фозил, устоди хандонрӯи ҳамаи зиёиёни тоҷикро зери теғ – теғи аҷал бурд, ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш нахоҳад гашт. Марги ин гуна мардони шариф барои аҳли башар дарси бузургу ибратомӯзест. То инсонҳо эҳсос намоянд, ки марги як марди ҳақиқӣ чӣ фоҷиаи бузург ва чӣ зоеъи ҷуброннопазир аст…
Симои ҷавонмардонаи ин шаҳчанори адабиёти муосири тоҷик, ки умре шамъи табассум дар лабҳояшон пайваста партав меафканданд, дар дили доғи ҳамзамонон ва ояндагон абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |