Қазон бори нуҳум мизбони ҷашнвораи синамои исломӣ мешавад
Аз 5 то 11-уми сентябр дар шаҳри Қазон нуҳумин ҷашнвораи байналмилалии синамои исломӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Гузел Нигматулин, муовини вазири фарҳанги Татаристон хабар додааст.
Ба иттилои расида, ҳоло ба комиссияи интихобӣ, ки онро мунақиди кино Сергей Лаврентев раҳбарӣ мекунад, беш аз 450 филм аз 54 кишвар пешниҳод шудааст. Барои барномаи озмунӣ 50 филми бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва тасвирӣ аз 24 кишвари Аврупо, Осиё ва Африқо, аз ҷумла Туркия, Эрон, Қазоқистон, Фаронса, ИМА, Бритониёи Кабир, Русия, Аморати муттаҳидаи Араб, Шветсия, Сербия, Қатар ва Олмон интихоб шудааст.
Ба иттилои торнамои “Интерфакс-Дин” бори нахуст дар ҷашнвораи Қазон синамосозони Синегал низ намунаи кори худро пешниҳод кардаанд.
Синамосозон барои ҷоизаҳо дар даҳ номинатсия талош хоҳанд кард. Ҳамчунин чанд созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ҷоизаҳои махсус созмон додаанд.
Ҷашнвораи Қазон, ки то соли 2010 “Минбари зарин” ном дошт, аз соли 2005 ба ин сӯ ҳамасола гузаронда мешавад. “Тавассути муколамаи фарҳангҳо ба фарҳанги муколама”-шиори синамобазми мазкур аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |