Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили бошукуҳи Рӯзи Дониш ва ҷашни Истиқлол
Имрӯз, 28-уми август, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон маҷлиси ҳукумати кишвар баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози маҷлис чанд тағйиру навовариҳо дар қонунгузории кишвар маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудааст: "Аз ҷумла тағйиру иловаҳо, ба қонунҳо “Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи нақлиёт”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” ва ба кодексҳои андозу гумрук пешниҳод карда шуд.”
Эмомалӣ Раҳмон дар ин маҷлис ба масъулин доир ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии озуқаворӣ ва маводи сухт барои мавсими сардӣ, омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонии коммуналӣ супоришҳои мушаххас додааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди навбатии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи арзишҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои солҳои истиқлолият ва тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносии мардум, хусусан ҷавонону наврасон, дастур додааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба омодагӣ ба оғози соли нави хониш ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани Рӯзи Дониш зоҳир гардида, таъкид шудааст, ки оғози соли нави хониш дар тамоми мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ бояд ба таври идона ва тантанавӣ бо шукӯҳи хоса ба роҳ монда шавад.
Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон намудааст, ки соли нави хониш дар кишвар рӯзи якшанбе, 1-уми сентябр оғоз хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |