Нигаронии раиси Шӯрои ВАО аз фаъолшавии "фабрикаи ҷавоб"

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон мегӯяд, дар арафаи интихобот дар расонаҳои кишвар баррасии яктарафаи масоил афзоиш ёфтааст.
Шарифзода дар суҳбат ба хабаргузории «Озодагон гуфт, тӯли ду-се моҳи охир ва дар матбуот ва шабакаҳои телевизионӣ матлабҳое интишор мешаванд, ки яктарафа таҳия гардидаанд. Раиси Шӯрои ВАО аз ҷумла фаъолшавии ба истиллоҳ “фабрикаи ҷавоб”-ро зикр кард, ки матолиби онҳо касбият пурра нақз мегардад: “Бисёри ин матлабҳо руйрост дар бораи интихобот набошад, ҳам зимнан таъкид ба интихоботро доранд. Бештари матлабҳои яктарафа ба шахсиятнҳои алоҳида, ниҳодҳои иҷтимоӣ ва гуруҳҳои сиёсии алоҳида дахл доранд. Дар матолиби ба истилоҳ “фабрикаи ҷавоб” на танҳо нақзи касбият балки ҳатто вайронккунии муқаррароти қонунҳо ба чашм мерасанд. Яъне таҳқир туҳмат, паст задани шаъну шарафи шахс ва мисли ҳамин ҷой доранд.”
Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо зикри он, ки таҳқиру туҳмат аксаран дар матлабҳои муаллифашон номаълум ҷой доранд, аз расонаҳои кишвар даъват намуд, ки ба интишори матлабҳои муаллифашон номаълум ё бо имзои мустаор роҳ надиҳанд. Ба гуфтаи Қироншоҳ Шарифзода вақте матлаб зери имзои мустаор аст, шахси ҷабрдида дар ниҳояти кор наметавонад барои ҳимояи шаъну шарафи худ ва барои ному обрӯйи худ ба суд муроҷиат кунад: “Чунки муалифони онҳо сохта мебошанд. Ба ҳамин хотир аъзои Шурои ВАО аз ҳамкасбон ҳоҳиш мекунад, ки ҳангоми интишори чунин матлабҳо аз руй ҳам талаботи қонун ва ҳам аз рӯйи талаботи меъёрҳои ахлоқӣ кор кунанд. Нофаҳмидаю аниқ накарда, матлабро, навобаста аз куҷо ба редаксия омадааст, ба чоп надиҳанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |