Тавофуқоти пулиси Тоҷикистону Русия дар мавриди табодули иттилоот
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо вазири корҳои дохилии Русия генерал-полковники политсия Колоколтсев Владимир, зимни мушовараи муштарак, ки ахиран дар шаҳри Екатеринбург сурат гирифт, созиш кардаанд, ки минбаъд ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорон густариш медиҳанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҷаласа мукаммалнамоии ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия вобаста ба бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ баррасӣ шудаанд.
Ҷонибҳо инчунин ба созиш омадаанд, ки барои ошкор ва бурдани тафтиши ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил ва ташкилотҳои ҷиноии дорои алоқаи байналмиллалӣ содиршуда ҳамкориро густариш медиҳанд: “Аз ҷумла мубодилаи иттилоот байни ҷузъу томҳои оперативии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия бештар хоҳад шуд.”
Раҳбарони пулиси Русия ва Тоҷикистон инчунин масъалаҳои ошкор намудан ва эътинои фаврӣ ба таҳдид ва хатарҳо ба амният, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва киберҷиноятҳо баррасӣ кардаанд.
ВКД-и Тоҷикистон мегӯяд, тибқи тавофуқот ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия соли 2014 дар Душанбе дар назар дошта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |