Сарвари як ширкати хусусӣ бо ҷурми сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ боздошт гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, Рустам Қосимов, ки роҳбарии кооперативи «Улуғбек»-ро дар ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон аз моҳи феврали соли равон ба зимма дошт, даст ба ғорати амволи корхона задаст. Номбурда, тайи панҷ моҳ 2050 метр қубурҳои дар мувозинати ширкат қарордоштаро дуздида, бо маблағи 10.260 сомонӣ фурӯхтааст. Феълан, Қосимов боздошт гардида, тафтишоти ӯро мақомоти милисаи ноҳияи Ҷилликӯл ба ӯҳда дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр