Вазорат: Қирғизистонро “чума” таҳдид намекунад
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ин кишварро бемории тоун ё худ “чума” таҳдид намекунад ва барои бастани марз бо ҳамсоякишварҳо ниёзе нест.
Динара Сагинбаева, вазири тандурустии Қирғизистон гуфтааст, ки бемории тоун дар як минтақаи хурд ба қайд гирифта шуда, иттилои масъулони Вазорати ҳолатҳои фавқулода оид ба гирифтор шудани 3 шаҳрванди ин кишвар ба ин вабо беасосо мебошад.
Ба гуфтаи масъулони ин ниҳоди беҳдошти қирғиз, ҳоло масъалаи ҷудо намудани маблағи иловагӣ барои иқдомҳои зиддитоунӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол дафтари раёсати ҷумҳури ин кишвар мегӯяд, Жанторо Сотиболдиев, раиси ҳукумати Қирғизистон ин қазияро таҳти назорати худ қарор дода, ба раиси дастгоҳи ин кишвар ва зертобеонаш дастур додааст, то аз раванди амалиёти зиддитоунӣ ҳар рӯз ба ӯ ҳисобот диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 23-уми августи соли ҷорӣ дар яке аз беморхонаҳои вилояти Иссиқкӯл, воқеъ дар шимоли Қирғизистон як ҷавони 15-сола аз бемории тоун ба ҳалокат расида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |