Бахшҳо

Рамазон Раҳимов: Муҳоҷирати тоҷикон як имтиҳон аст

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки айни ҳол дар Русия қарор дорад, бо муҳоҷирони тоҷик дар округи Урал мулоқот намуда, аз онҳо даъват кардааст, ки «кӯшиш кунед ба қонунҳои амалкунандаи ин кишвар, дину оин, урфу одат ва арзишҳои олии ин кишвар эҳтиром гузошта, фарҳангу тамаддуни баланди миллати тоҷикро нишон диҳед.»

Тибқи иттилои ВКД, Рамазон Раҳимов дар ин мулоқот қайд намудааст, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз дар тамоми давлатҳои дунё ҷараён дорад, аз ин рӯ бо мақсади беҳбудии рӯзгор ва фароҳам овардани шароиту имконоти хуби зиндагӣ шаҳрвандон ҳамон кишвареро интихоб мекунанд, ки он ҷо имконияти бештару беҳтар мавҷуд аст: «Дурӣ аз диёри хеш, ҷудоӣ аз наздикону пайвандон, ин худ як имтиҳони зиндагист, ки ба ҳама ин мушкиливу камбудиҳои ҳаёт нигоҳ накарда, шумо бо кору таҳсил ва меҳнати садоқатмандонаву софдилона шарафу номуси тоҷику тоҷикистониро ҳифз менамоед».

Рамазон Раҳимов дар хитоб ба муҳоҷирон иброз доштааст, ки ки мо ҳамеша дар фикри шумо ҳастем, шуморо дастгирӣ менамоем ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша талош менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва мушкилоте, ки дар кору фаъолияти шумо пайдо мешаванд, дасти кӯмак дароз намояд.

Ин мулоқот дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи мушовараи якҷоя миёни вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар Русия қарор дорад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, яке аз масъалаҳои асосии ин мушовара, ки имрӯз, 27-уми август, дар Екатеринбург ба анҷом мерасад, роҳандозии ҳамкории сохторҳо ҷилавгирӣ аз интиқол ва қочоқи маводи мухаддир мебошад. Дар доираи ин ҷаласа имзои як қатор санадҳо, аз қабили барномаи ҳамкорӣ миёни ин ду ниҳод, дурнамои фаъолияти якҷояи ҷонибҳо дар заминаи ошкор ва баррасии ҷиноётҳои сангин ва ниҳоят сангин барои соли 2014 дар назар аст.
Мӯҳр
Мухтарам вазир дар хакикат бесавод будаи. Точикистон чоне надорад, ки халки худро аз чои кор таъмир кунад дигар кор надорад, ки моро имтихону зачёт мегирад.
Шамъи кач охир бисузад шишаи фонусро,
Марди беномус чи донад киммати номусро.
Савод ки надоранд давлатдорон бахонаи имтихон...

Бохабар
Ба Рустамов. Ачаб одами тангназар будаи. Ба гумонам бухсу хасад аклатро хурдаанд, вагарна имтихони зиндагии чаноби Вазир гуфтаро сарфахм мерафтию ба он амал мекарди.

Abdulloh
Nameshavad akai vazir hamin imtihonhoro dar doxili kishvar suporem???))))

ХХДТ
Не дар дохили кишвар такалубкори, фасод ва тагобози имкони соф гузаштани имтихонхоро гайри имкон аст саломат бош Вазир е чазир

Бохабар,
Ба фикрам, ки ту аз ахволи зиндагии худат танхо бохабари....
Барои мухочирони мо шароити фарохам дар дохили Точикистон даркор на шароити тилои дар Русия. Солхои охир дар Русия номи точик чунон догдор аст, ки хатто аз киргизу узбак хам паст шудааст ман, ки аз ин шароити сиёхи точик дар Русия дилтанг ё дил сиёх нашавам ва ё набошам дар фикри ин миллати баланд мартабаамон пас ки нашавад... Ту косалес бо чашмони кур ва акли норасо фикр накун.....!

чаноби вазир кай шумо кати навкаронатон харом хуриро бас мекунен ки ватани азизамон обод шава

Расул
Муслим
Акнун,ки интихоботи президенти наздик шуд баъд мухочирон даркор шуданд то хамин руз ягон бор мухочир намегуфтанд ва ва ба наздашон ягон кас намерафт имруз бошад мухочиро даркор шуданд ва худашонро ширин карданиян ки ба Чаноби Оли овоз диханд валле мутаасифона мухочиро дигар гумрох нестанд медонанд ки ба ки овоз диханд ва надиханд.

Мухочир
Кош фарзандони ту хам ба ин имтихон чалб шаванд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)