Тайи шаш моҳи соли равон дар мавриди гум шудан, осеб расидан ва дигар ҳолатҳои бағочи мусофирон дар фурудгоҳи Душанбе 298 шикоят ворид гардидааст.
Тибқи иттилои Азиз Иброҳимов, муовини сарвари кулли фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ин аризаҳо 295-тои он қонеъ гардонида шуда, 3 эрод мавриди баррасӣ қарор дорад. Иброҳимов мегӯяд, гоҳ-гоҳ реҷа ва низоми парвози тайёраҳо тағйир меёбад, ки ин ба вазъи обу ҳаво, дер омадани ҳавопаймоҳо, ба ҷойҳои холӣ гирифтани мусофирон, тағйир ёфтани вақти парвоз, иваз кардани навъи ҳавопаймоҳо, аз назар гузаронидани мусофирон ва бағоҷ ба манфиати амнияти парвоз ва ғайра вобаста аст. Теъдоди чунин таъхирҳо дар шашмоҳи якуми соли 2011-ум 460- то буд. Ба гуфтаи Азиз Иброҳимов сабабҳои асосӣ: дер омадани ҳавопаймоҳо носозии техникаи авиатсионӣ бо номусоидии обу ҳавои фурудгоҳе, ки бояд парвоз аз он сурат мегирифт ва номусоидии обу ҳавои фурудгоҳи кабулкунанда марбут аст. {jathumbnail off}
Мӯҳр