Сохтмони кашолёфтаи нақби «Истиқлол» соли равон ба анҷом расонида мешавад.
Дар ин бора имрӯз, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт. Бино ба гуфти ҷаноби вазир, ҳукумати кишвар вазорати молияро муваззаф сохтааст, ки барои иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ маблағгузории онро ба зимма бигирад. Наҷмиддинов ҳамзамон афзуд, «барои ба анҷом расонидани нақби «Истиқлол» ҳудуди 6 миллион доллари америкоӣ лозим аст ва дар гуфтушуниди навбатӣ бо ҳукумати Эрон ба хулосае омадем, ки 50%-и ин маблағро аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ кунем, ва 50 дарсади боқимондаро давлати исломӣ ба ӯҳда гирифт».
Сафаралӣ Наҷмиддинов мегӯяд, мо фармоиши ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҷудо намудани 3 миллион доллари америкоӣ ба имзо расонидаем ва омода ҳастем, ки маблағи муқарраршударо таъмин намоем. Аз эрониҳо талаб намудем, ки он лоиҳаҳоеро ба мо пешниҳод кунанд, ки бо сарфи ҳамин қадар маблағ ба анҷом расонида шавад. Вазири молия ҳамчунин гуфт, ғайр аз ин барои ҳавокашӣ ва рӯшноидиҳӣ дар нақби «Истиқлол» 5 миллион доллари иловагӣ зарур аст ва ин паҳлӯи масъала дар шартномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон илова гардидааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр