Тақсими замин бо ҳузури президент ва Убайдуллоев дар Душанбе
Имрӯз, 27-уми август, дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе барои 727 оилаи эҳтиёҷманди пойтахт тариқи қуръапартоӣ замин тақсим гардидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои омодасозии инфрасохтори зарурии ин маҳалла, аз ҷумла кашидани хатҳои барқ, шабакаҳои обрасонӣ, бунёди зеристгоҳи барқӣ, роҳсозӣ ва ободонии атрофи ин минтақа дар давоми солҳои 2007-2013 аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба маблағи 41 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд. Ғайр аз ин, давоми соли равон барои ободониву бунёди шабакаҳои инфрасохтори мавзеи зикршуда аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе қариб 70 миллион сомонӣ сарф карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ тибқи нақшаи генералии маҳаллаи Ховарон солҳои наздик дар ин ҷо як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла чор мактаби нав бо тамоми шароити муосир, боғчаҳои кӯдакона, биноҳои маъмуриву маишӣ, ошхонаву марказҳои тиҷоратӣ, дармонгоҳ ва монанди инҳо сохта мешавад. Дар ин минтақа зиёда аз 60 ҳазор нафар аҳолӣ аз чор ноҳияи пойтахт ҷойгир карда мешавад.
Қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарор карда буд, ба 712 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд, аз ҷумла дар ноҳияи Сино-208 нафар, ноҳияи Шоҳмансур-168 нафар, ноҳияи Фирдавсӣ-168 нафар ва ноҳияи И.Сомонӣ-168 нафар, инчунин дар асоси қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр иловатан ба 15 нафар сокинони шаҳр дар маҷмуъ 727 қитъаҳои замини масоҳаташ 0.03 (сифр аз сад се) га, барои истифодаи бемӯҳлат ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматии инфиродӣ дар кварталҳои 14-15 маҳаллаи «Ховарон» дар доираи Нақшаи генералии Душанбе ҷудо карда шаванд.
Бо дастури Убайдуллоев барои роҳ надодан ба тақаллубкорӣ рӯйхати ниёзмандон ба заминро комиссияи махсуси ҷамъиятӣ санҷида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |