Бахшҳо

Корманди андоз ним миллионро “дар киса задааст”

Агентии молиявӣ ва мубориза бо корруписяи Тоҷикистон 3 корманди Кумитаи андозро барои гирифтани пора ва қаллобӣ боздошт намуда, дар алоҳидагӣ нисбати ҳар кадомашон парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.

Тавре аз Оҷонсии мазкур иттилоъ доданд, Фирӯзҷон Каримов, корманди Кумитаи андоз аз ваколати мансабии худ сӯиистифода намуда, мунтазам дар 18-ҳолат маблағи 501 595 сомониро гӯё барои пардохти андозҳои ҶДММ» Сомон-Пойтахт» дар утоқи кории худ аз шиносаш Изатов Ю. гирифтааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Каримов аз 451 589 сомонӣ расидҳои бонкии қалбакиро, ки асноди расмии ҳуқуқдиҳанда ба ҳисоб мераванд, ба Изатов Ю. додааст, то ки ӯ боварӣ ҳосил намояд, ки чунин амалиётҳо дар доираи қонун сурат гирифтааст: «Ҳамчунин варақаи электронии Кумитаи андоз бо пардохти 501 595 сомонии андозҳои «Сомон-Пойтахт» нишон додааст. Дар асл бошад аз ин ҳисоб ягон маблағ ба буҷети давлат ҳамчун андозҳои пардохтшавандаи «Сомон-Пойтахт» ворид нагардидааст».

Аз рӯи чунин кирдори корманди мақомоти андоз ба буҷаи давлат зарари махсусан калон расида, нисбати ӯ бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, айни ҳол тафтиши пешакӣ идома дорад.

Манбаъ дар мавриди ҷинояткории кормандони андоз афзуд, ки Амриқул Шарифов, мутахассиси пешбари шуъбаи санҷиши андозҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз боварии шаҳрванд Батиров О. истифода бурда, барои супоридани андози молу мулк 1400 сомонӣ аз ӯ гирифта, ба буҷети давлат пардохт накардааст.

Шарифов, бо ин кирдораш ба Батиров О.Х. зарари молиявӣ расонидааст ва нисбати ӯ бо аломатҳои банди «г» қисми 2 моддаи 247 кодекси ҷиноятӣ барои қаллобӣ айб эълон карда шудааст.

Инчунин дар шимоли кишвар Пулотов Х. ба Раёсати агентии кумита дар вилояти Суғд муроҷиат намудааст, ки корманди мақомоти андози вилояти Суғд бо номи «Ҳоҷӣ Бобо» барои тартиб надодани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ӯ 600 сомонӣ талаб намуда, аз он 400 сомониро гирифта, боз боқимонда 200 сомониро талаб намуда истодааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Самадов Наврӯз, сармутахассиси нозироти андози шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани маблағи 200 сомонӣ аз шаҳрванд Пулотов Х. дастгир гардида, далелҳои шайъӣ ёфта гирифта шудаанд.

Нисбати Самадов Н. Қ. бо аломатҳои қисми 3 моддаи 32 ва қисми 1 моддаи 319 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр
Чабрдида- Сохибкор
Рафик кормандони очонси ин хел холатхоро хамаатон нагзакак мефахмед холо ин катрае аз бахр аст ин чо факат андозсупорандагоне ба монанди мо аз 1 метр 500-600 с меруёнонанд хамаи он нишондодхояшон калбаки аст охири сол шавад плана буд кардан лозим гуфта аз раис то саиси коркунони андоз ба хар рох пул меситонанд вой бар холи ин ЧТ-мо агар хамаи коркунони хукумат аз руи адлу инсоф кор кунанд ин ЧТ-и мо аз тамоми давлатхо гузашта меравад ...

"Як руз бошу хурус бош!" Мардак,пулхоро гирифта кайфу сафо кун братан.Дар Точикистон аз боло сар карда то поён калонхо хамин хел рафтор мекунанд.Лекин барои дар хабс нишастан чавону хузарб будану саломатии хуб лозим аст.Тирамохон Рахмонро боз президент интихоб мекунанд.Рахмон хело хам боз сахиву дилкушод мешавад.У хело хам хушнуду хурсанд мегардад.Мебини,ки боз авфи гуноххои иктисоди имзо мешаванду озод мешави баратанчон.лекин аз хаму гирифтагихоят камтаре барои гарибон хам захира кун.Моро фаромуш накунед,братанчон!

Собончон да чонт чонм, гап доди да...

777
Дар турхои макомоти навбаромад факат мохихи майдачусса меафтад.... Ин тур курби нигох доштани киту акулахоро надорад.... Фикр мекунанд,ки ин мардак танхо худаш хурдааст .... Об аз боло лой аст...

Андоза баланд кардед пул зиедати чамъ шуда будааст камтараша гирифтааст хеч га ине

Ман.
Хамун порахурхо е дуздакхои хукуматиро нафахмиден аз кадом хизб бошанд? Аз хнит е ххдт? Ман якинан медонам,ки аз ххдт мебошанд.

Ман.,
бародар ягон майда парво накун ближайший 7 соли дига бо хамин фасодкорону бо хамин дуздакону бо хамин калобону бо хамин хокзанони чашми халк боки мемонанд .. дар кадом мансаб ягон шахси дигар хизб буд.???!!!.хамаи ин фасодкорию харобкории Чумхурии азизи мо аз дасти хизби хоким ХХДТ хаст !

конун
Ба хамаи Шумо гуфтаниам. Ки то пора. Доля. Байлама наград вазифа наметанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)