Навалний бо изҳори дустию ҳамдардӣ ба тоҷикон “виза” пешниҳод кард
Алексей Навалний, яке аз муддаиёни курсии шаҳрдории Маскав мегӯяд, тоҷикистониён омода аст, ба куллӣ барои муҳоҷирати корӣ ба Русия оянд.
Ин даъвогари курсии шаҳрдории Маскав гуфтааст, омадани тоҷикон на ба хотири фароҳам будани ҷойи кор дар Русия, балки далелаш мушкил будани зиндагӣ дар Тоҷикистон аст."
Ба гуфтаи Навалний, аз Тоҷикистон аслан мардуми деҳот ва қишри ҷавон ба Русия сафар менамудаанд: “Ҳоло 40 дарсади мардони то 40-солаи тоҷик дар Русия ба сар мебаранд. Азбаски системаи маорифи тоҷик рӯ ба таназзул овардааст, онҳо аз забони русӣ бехабар буда, танҳо барои иҷрои корҳои паст қодиранд.”
Навалний бар инаст, ки бояд фавран миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ карда шавад: “Бори дигар такрор мекунам, ки онҳо ба Русия танҳо ба хотири пайдо кардани ҷои кор намеоянд, балки ба хотири гурез аз зиндагии мушкил меоянд. Мушкилоти онҳоро дарк карда, бо изҳори ҳамдардӣ ба эшон, мо бояд бигӯем, ки бародарон мо наметавонем тамоми шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистонро ба Русия роҳ диҳем. Мо онҳоро хеле дӯст ва арҷ мегузорем, вале низоми раводид бояд ҷорӣ карда, як шумораи каме аз онҳоро ба инҷо роҳ диҳем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |