Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амниятро барпо кард
Имрӯз, 26-уми август, таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҷаласаи ин Шӯро баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷлис, асосан ду мавзӯъ - омодасозии хоҷагии халқи кишвар ба тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ва таҳкими амният вобаста ба хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ доир ба мавзӯи якуми маҷлиси Шӯрои амният, сарвазир, Оқил Оқилов гузориш дод: “Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масоили омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз масъулин талаб кард, ки доир ба таъминот бо ангишт, гази моеъ, озуқаворӣ, захираи кофии ин мавод дар муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омодасозии шабакаҳои гармидиҳии пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ амалӣ намоянд.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки супоришҳои мушаххас доир ба кашондан ва захира кардани маводи сӯхту озуқаворӣ дар вилояти Бадахшон ва дигар минтақаҳои баландкӯҳ дода шуд.
Доир ба мавзӯи дуюми маҷлис роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот гузориш додаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, “таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳкими амнияту субот дар кишвар ва марзҳо бо Афғонистон, мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ зоҳир гардид.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |