Италия баъди соли 2014 низ неруҳояш дар Афғонистонро ҳифз мекунад
Як теъдоди маҳдуди неруҳои ҳарбии Италия баъди соли 2014 низ дар хоки Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Дар ин бора нахуствазири Италия хабар додааст.
Энрико Летта дар як нишасти муштараки матбуотӣ бо Ҳомид Карзай, райисҷумҳури Афғонистон гуфтааст, низомиёни Итолиё баъди хуруҷи неруҳои НАТО ба машварат ва омӯзиши сарбозони афғон машғул мешаванд. Қаблан, вазири дифои Италия изҳор дошта буд, ки эҳтимол аз 500 то 700 низомии ки кишвараш дар Афғонистон бимонанд.
Энрико Летта ҳамчунин гуфтааст, Итолиё аз ин баъд низ ба Афғонистон дар бахшҳои маориф, хоҷагии халқ ва иқтисод кӯмак мерасонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |