Додоҷон аз масдудияти минбари асосияш, «К+» нигаронӣ дорад
Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, бо пахши як изҳорот, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба масдудияти телевизиони “К-плюс” дар Тоҷикистон дахолат кунанд.
Додоҷони Атовуллоҳ мегӯяд, пахши шабакаи телевизионии «К+» дар Тоҷикистон тавассути дастгоҳи махсус, ки аз Чин ба ивази миллионҳо доллар харидорӣ шудаанд, маҳдуд гардида истодааст: “Охири моҳи гузашта “Телерадиоком” якҷоя бо мутахассисони чинӣ насби дастгоҳҳоро ба анҷом расонданд, ки алайҳи пахши мавҷҳо аз моҳвораи “HotBird 13°”, мутааллиқ ба ширкати аврупоии EUTELSAT нигаронида шудааст.”
Раҳбари “Ватандор” ин иқдомро нақзи ҳуқуқҳои конститутсионии мардуми Тоҷикистон хонда, мақсади онро инҳисори фазои иттилоотии кишвар аз ҷониби ҳукумати феълии Тоҷикистон арзёбӣ мекунад.
Пахши барномаҳои телевизиони «К+» дар Тоҷикистон, ки вақтҳои охир ба минбари мухолифини ашадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, табдил ёфтааст, охири моҳи июл сурат гирифт. Масъулини ин шабака бо пахши як изҳорот гуфтанд, мақомоти тоҷик бо нархи гарон дастгоҳҳои мавҷзананда харидорӣ карда, монеаи пахши барномаҳои «К+» мешаванд.
Аммо Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, дар қатъи дастрасӣ ба шабакаи “К+” (Қазоқистон), ки навори тӯйи писари раисиҷумҳур тариқи он пахш гардида буд, даст надоранд. Ӯ дар нишасти ахири матбуотияш гуфт, дастрасии сокинони Тоҷикистон ба барномаҳои ин телевизион тариқи моҳвора аз онҳо вобаста нест. Оқои Раҳмонов афзуд, барои қатъи дастрасӣ ба барномаҳои “К+” таҷҳизот зарур аст, ки онҳо чунин таҷҳизот надоранд ва аз ҷои дигар ҳам наовардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |