Пурзӯр шудани тадобири амниятӣ дар марзҳои Қирғизистон
Курманакун Матенов, сардори Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, шумораи марзбонони ин кишвар афзоиш дода мешавад.
Матенов гуфтааст, теъдоди раҳбарони ин ниҳодро коҳиш дода, ба ҷои он шумораи аскаронро дар марзи Қирғизистон зиёд мекунад: “Таҷриба гувоҳ аст, ки ҳар қадаре, ки сардор ё раҳбарон зиёд шавад, ҳамон қадар иҷрои корҳо коҳиш меёбад. Барои мо ҳозир дар марз аскар лозим аст, бояд тадобири амниятиро дар марзҳо пурзӯр кунем.”
Ба гуфтаи Матенов, дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 80 нафар ба иттиҳоми қонуншиканӣ дар марзҳои Қирғизистон боздошт шудааст. Инчунин аз тарафи марзбонони қирғиз даҳҳо килограм маводи мухаддир мусодира гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир задухурди мусаллаҳона миёни марзбонони қирғиз ва узбак ба миён омада, дар пайи як даргири охир ду тан аз сарбозони узбак ба ҳалокат расида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |