Худдории Эшони Нуриддин аз посухдиҳӣ дар “turajon.org”

Эшони Нуриддинҷон, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик аз оли Тураҷон, аз додани посух ба пурсишҳои корбарони сомонаи “turajon.org” даст кашидааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, яке аз бародарон, Тӯраҷонзодаҳо дар суҳбат ба “Озодагон” ин хабарро таъйид намуда, афзуд, ки ин тасмим аз ҷониби Эшони Нуриддинҷон дар пайи таҳрифи посуху аксҳояш дар бархе аз нашрияҳои даврӣ гирифта шудааст.
Эшони Нуриддинҷон тасмим гирифтааст, минбаъд ба суоли мухлисонаш танҳо мустақиман ҷавоб диҳад.
Эшони Нуриддинҷон, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик аст, ки то ҳол дар сомонаи хонаводагияшон “turajon.org” ҳамроҳ бо ду бародараш, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Эшони Маҳмудҷон ба пурсиши хонандагон посух медоданд. Айни ҳол дар ин торнамо танҳо ба Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Эшони Маҳмудҷон имкони додани суол боқӣ мондааст.
Эшони Нуриддин, 20-уми марти 1953 дар деҳаи Туркободи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи №9-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм кардааст.
Илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ меомӯзад. Баъд аз он, барои омӯхтани илми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мерос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ рафт ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирдӣ кашидааст.
Соли 1976 оиладор шуда, ҳоло соҳиби 12 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар Қазоқистон муҳоҷир буданд. Эшони Нуриддинҷон рисолае дар ҷавози мавлуди Паёмбар (с) ба унвони «Оё ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (с) ҷоиз аст?» (соли 2000) ва рисолае дар масоили ушри замин ба унвони «Адиллатул куср фи вуҷубил ушр» (соли 2003) таълиф кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |