(САДО) Қувватов ҳукми истирдодаш ба Душанберо рад кард

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24” бо пахши як садо дар интернет аз охирин ахбори марбут ба қазияи боздошту истирдодаш иттилоъ дод.
Қувватов дар ин навор, ки шоми 25-уми август пахш шуд, изҳор медорад, ки айни ҳол дар Дубай қарор дорад ва аз он, ки гӯиё додгоҳи таҷдиди назар ҳукми истирдодашро баровардааст, расман ба ӯ касе хабар надодааст. Қувватов мегӯяд, давоми 4-5 рӯз бо касе иртибот надоштааст ва акнун бо фароҳам шудани аввалин имконият ин наворро пахш намудааст, то оммаро аз вазъи нигоҳдошт ва дидгоҳаш дар мавриди ҳаводиси ахири Тоҷикистон огоҳ кунад. Ӯ бар он таъкид дорад, ки мардуми Тоҷикистон бояд барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ талоши қотеъона кунанд.
САДОИ ПАХШКАРДАИ ҚУВВАТОВ ДАР ИНТЕРНЕТ
Николай Николайев, вакили мудофеи Қувватов, ки ин сабти аудиоиро пахш намуд, имрӯз, 26-уми август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то ҳол дар мавриди истирдоди Қувватов ба Душанбе ҳукми расмие мавҷуд нест.
Ин дар ҳолест, ки Анвар Қувватов, бародари Умаралӣ, қаблан иттилоъ дод, ки додгоҳи таҷдиди назари Дубай, ҳанӯз моҳи июл, бе ҳузури худи Умаралӣ қарори истирдодашро ба Душанбе бароварда буд.
Дар зимн як гуруҳ рӯшанфикрони тоҷик, 22-юми август, бо пахши як муроҷиатнома аз мухолифин ва фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон хостанд, ки алайҳи истирдоди Қувватов ба Душанбе садо баланд кунанд, чун муътақиданд, ки ӯро дар Ватан шиканҷа ва дигар бадрафторӣ интизор аст.
Маврид ба зикр аст, ки тобистони соли гузашта дар Маскав аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов “Гурӯҳи 24” ташкил шуд ва бо даъвати ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ба нагузоштани номзадиаш дар интихоботи соли 2013 дар забони матбуот афтод. Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Баъди таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зиддунақиз дода мешаванд, аммо худи Қувватов онро рад мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |