Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Ҷопон чӣ меҷӯяд?
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисиҷумҳури Туркманистон бо як сафари расмӣ ба Ҷопон меравад.
Бино ба иттилои расонаҳои Туркманистон қарор аст ин сафар аз 11 то 13-уми сентябр идома кунад. Гуфта мешавад, Қурбонгулӣ Бермидуҳаммадов бо императори Ҷопон Акихито ва нахуствазири он кишвар Синдзо Абэ дидору гуфтугу хоҳад кард.
Ҳамчунин баргузории як форуми тиҷорӣ ҳам дар назар аст, ки дар доираи он дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Туркманистону Ҷопон баррасӣ хоҳад шуд.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи парлумони кшивараш, ки масъалаи сафари расмии ӯро ба Ҷопон баррасӣ кард, таҳкими ҳамкориҳо бо Японияро яке аз самтҳои муҳими стратегияи сиёсати хориҷии Туркманистон унвон кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |