Як муттаҳам дар лату куби журналист дастгир шудааст
Кормандони Раёсати умури дохилии шаҳри Актоб бо иттиҳоми лату куби Игор Ларр, хабарнигори қазоқ, як нафарро дастгир кардаанд.
Бино ба иттилои расида, боздоштшуда 27-сол дошта, қаблан низ барои амали мушобеҳ аз озодӣ маҳрум шудааст. Ӯ гуфта, ки шаби 21-уми август ҳамроҳ бо чор ошнояш пиво менушид. Дар ҳамин вақт як марди тақрибан 40-сола аз бинои бисёрқабатае берун мешавад ва ӯ пешниҳод мекунад, ки вайро ғорат намоянд. «Баъдан гумонбарон ӯро лату куб намуда, ҷайбҳояшро мекобанд”,-иттилоъ додааст пулис.
Ёдовар мешавем, Созмони дидбони ҳуқуқи хабарнигорон бо номи Одил Соз, ки дар Алмаато мақар дорад, иттилоъ дод, ки шоми сешанбе Игор Ларр, хабарнигори нашрияи мустақили “Свобода Слова” ё «Озодии баён» дар шаҳри шимолу ғарбии Оқтеппаи Қазоқистон мавриди лату куб қарор гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамлагарон пул ва ҷиҳози хабарнигорияшро даст нарасондаанд.
Худи хабарнигор гуфта буд, шояд барои гузоришҳои танқидӣ дар бораи волии минтақаи Оқтеппа лату куб шудааст.
Дар акс: Игор Ларр
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |