Пулис гумонбарони куштори сокини Душанберо дастгир кардааст
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ду истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми куштори як сокини Душанбе дар Истаравшан боздошт кардаанд.
Ба иттилои манбаъ рӯзи 22-юми августи соли равон бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо роҳи ғоратгарӣ ду сокинони шаҳри Хуҷанд - Абдураҳим Ҳасанови 31 сола ва Нуриддин Ҷумаеви 21 сола бо сабукрави “Опел-астра”-и шаҳрванд Маҳмадзоиршо Нуров, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Душанбе нишаста ба ҳудуди шаҳри Истаравшан меоянд: “Дар ҳудуди шаҳри Истаравшан ин ду нафар ронандаро бо 11 зарбаи корд дар дохили нақлиёташ ба ҳалокат расонида, ҷасадро дар заминҳои деҳаи Лакат мепартоянд ва мошини ӯро гирифта, бо тарафи номаълум ғайб мезананд”.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки дар натиҷаи корҳои фаврӣ-тафтишотӣ гумонбарон дастгир шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |