ҶТ-2013: “Хуҷанд” бо “Истиқлол” рақобат мекунад

Имрӯз, 24-юми август се бозии аввали даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 миёни дастаҳои “Бохтар” -“Парвоз”, “Истаравшан” - “Куктош+С” ва “Хуҷанд” - “Истиқлол” баргузор мешавад.
Дастаи “Бохтар”-и Бохтар дар майдони худ бо тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров қувва меозмояд. “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Куктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар варзишгоҳи Истаравшан сабқат мекунанд. Тими “Истиқлол”-и Душанбе бошад, дар меҳмонӣ бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат мекунад.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта (23-юми август) панҷ бозии аввали даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 сурат гирифт. Дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи худ тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Дастаи “Нури Норак”-и шаҳри Норак дар варзишгоҳи худ бо тими “Энергетик”-и Душанбе қувваозмоӣ намуда, се гол хурд. “Зарафшон”-и Панҷакент дар майдони худ аз дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Дастаи “Вахш”-и Қурғонтепа бо тими “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ қувваозмоӣ намуда, аз ду голи меҳмонон танҳо ба яктоаш посух дода тавонист. Тими “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бо дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ба сабқат баромада бозиро мусовӣ - 1:1 анҷом дод.
Имсол барои дарёфти “Ҷоми Тоҷикистон-2013” даҳ дастаи Лигаи олӣ ва шаш дастаи Лигаи аввал қувваозмоӣ мекунанд. Бозиҳои ҷавобии даври 1/8-ниҳоӣ рӯзҳои 27-28-уми августи соли ҷорӣ баргузор хоҳанд шуд.
Тақвими бозиҳои ҷавобӣ Ҷоми Таҷикистон-2013: 1/8-ниҳоӣ
27-уми август (сешанбе)
Замони баргузории бозиҳо - соати 16:30
“Регар-ТадАЗ” - ССКА “Памир”
“Энергетик” – “Нури Норак”
“Эсхата” – “Зарафшон”
“Хайр” - ”Вахш”
“Равшан” – “Далерон-Уротеппа”
28-уми август (чоршанбе)
“Парвоз” – “Бохтар”
“Куктош+С” – “Истаравшан”
“Истиқлол” – “Хуҷанд”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |