Се тоҷир барои таҷдиди Масҷиди марказӣ 1 миллион додаанд
Се тоҷири маҳаллӣ барои таҷдиди Масҷиди марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллион сомонӣ хайр кардаанд.
Атовулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тули чанд муддат аст, корҳои сохтмонӣ дар таҳхонаҳои Масҷиди марказии шаҳри Душанбе идома дошта, имрӯз 23-уми август, бо дастури Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии кишвар сохтмони бомпӯши масҷид низ шуруъ шуд.
Ба гуфтаи Қосимов тамоми хароҷоти таъмири таҳхонаҳо ва сохтмони болопӯши масҷид зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил дода, онро тоҷирони маҳаллӣ ба зимма гирифтаанд: “Таъмири таҳхонаҳоро ду нафар ва сохтмони бомпӯшро як нафари дигар аз тоҷирони маҳаллӣ ба уҳда гирифтаанд.”
Вале оқои Қосимов аз бурдани номи тоҷирони саховатманд худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ин бо хоҳиши худи онҳост, зеро чӣ тавре мегӯянд: “беҳтарин хайр ҳамонест, ки чун бо дасти рост диҳӣ дасти чап нашунавад ё набинад.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан муфтии Тоҷикистон аз намозгузорон даъват карда буд, барои болопӯши саҳни масҷид кумак кунанд: “Аз сабаби он ки саҳни масҷиди марказӣ болопӯш надорад, шумораи зиёди намозгузорон дар зимистон зери барфу борон ва дар тобистон зери офтоби гарм намоз мегузоранд. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, саҳни масҷидро, ки бисёр васеъ аст, болопӯш кунем. Агар нафароне, ки имкони кумак карданро доранд ва маслиҳатҳои муфид дода метавонанд, хоҳиш мекунем, дар ин кори хайр бетараф набошанд.”
Ҳар ҳафта ҳазорон сокини Душанбе барои адои намози ҷумъа ба масҷиди марказии пойтахт меоянд. Ин масҷид ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо ҳимояти қозиёти вақт бунёд ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |