“Лагер”-и муҳоҷиронро дар Маскав бастанд
“Лагер”-ҳои муваққатӣ барои муҳоҷирон, ки дар Маскав ташкил шуда буданд, баста гардиданд.
Хабаргузориҳои русӣ аз қавли мақомоти Маскав хабар медиҳанд, ки қисме аз муҳоҷирон, ки дар лагери ноҳияи Голянова нигоҳдорӣ мешуданд, ба Ватан истирдод шуда, қисми дигар ба боздоштгоҳи махсуси шаҳрвандони хориҷӣ интиқол ёфтаанд.
Боғшо Лашкарбеков, роҳбари созмони ҷамъиятии “Нур” ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, ҳангоми суҳбат бо “Комерсант” аз басташавии лагерҳо истиқбол карда, инро фоли нек арзёбӣ кардааст.
Ин иқдом дар ҳолест, ки қаблан ҳуқуқшиносон лагер барои муҳоҷиронро ғайриқонунӣ гуфта, аз кумитаи тафтишотӣ хоҳиш карда буданд, дар ин робита парвандаи ҷиноӣ оғоз намоянд. Ҳуқуқшиносон пешниҳод карда буданд, ки ин амал мувофиқи модаи 127 (ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ)-и Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |