Бахшҳо

Дар Питер алайҳи муҳоҷирон митинг кардаанд

Шаби гузашта дар ҷазираи Василеви Санкт-Петербург гирдиҳамоӣ алайҳи муҳоҷирон баргузор шуд, хабар додааст ТВ100.

Ба иттилои манбаъ, сокинони кӯчаи Вёсел бо нишони эътироз аз хобгоҳе, ки муҳоҷирон ба сар мебаранд, таҷаммуъ кардаанд. Гуфта мешавад, даҳо нафар ба назди хонаи №6 омада, чанд мусофиркаши ҳомили муҳоҷиронро, ки аз кор бармегаштанд, ҳалқа гирифтаанд.

Сарчашма хабар додааст, ки қариб буд, ин гирдиҳамоӣ ба задухӯрди оммавӣ бипечад. Ба маҳалли гирдиҳамоӣ кормандони пулис омадаанд. Ба иддаои сокинони маҳаллӣ ба наздикӣ ҳудуди 300 муҳоҷирро ба бинои чандқабата оварданд, ки амнияти онҳоро халалдор мекунанд.

Пулис ҳуҷҷатҳои ҳамаи мусофирони автобусро тафтиш намуда, танҳо се нафарро, ки иҷозаи кор ва қайди муваққат надоштанд, боздошт кардааст.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ ин муҳоҷирон аз Маскав ба Петербург барои бунёди терминали нави фурудгоҳи Пулково омадаанд ва бинои бисёрқабата дар Вёсел, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, ба як ширкати хусусие таалуқ дорад.

Гуфта мешавад, ин муҳоҷирон аз Осиёи Марказиянд, аммо ҳоло маълум нест, ки миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд ё на.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)