Дар пойтахти Қирғизистон 3 ҳазору 930 сагу гурбаҳои дайду дар шаш моҳи соли равон парронда шудаанд.
Дар ин бора раёсати иртибот бо ҷомеъаи мири шаҳри Бишкек ба хабаргузории «24.kg» иттилоъ додааст. Бино ба қавли манбаъ, ин нишондод дар як соли қабл дар ҳамин давра баробар ба 3 ҳазору 258 адад буд.
«Муассисаи мунисипалии «Тозалиқ» хабар медиҳад, ки бо мақсади ҷилавгирӣ аз бурузи касалии ҳорӣ (бешенство) 11 нафар мутахассисони соҳа, ки вазифаашон боздошт ва хунсо кардани сагҳо мебошад, ба кор ҷалб шудаанд. Ин идора, тариқи хадамоти маълумот ё аз ҷониби раёсати оҷилии маъмурияти мири шаҳр «185» иттилоъ гирифта, амалиёти безарарсозиро шурӯъ мекунад»,- афзудааст манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр