Баҳси хатсайри Душанбе-Қатар дар мулоқоти Қодирӣ бо Шайх Абдулло
Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар бо раиси Шӯрои вазирон, вазири умури дохилии Қатар, Шайх Абдулло ибни Носир Оли Сонӣ, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Шайх Абдулло ибни Носир, ки нав ба ин мансабаш таъин шудааст, зарурати фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳким ва густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қатар таъкид намуд. Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ҳукумати иҷроияи Қатар масоили ҷалби сармояи қатариро ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, инфрасохтори минтақавӣ ва ҳамчунин дар лоиҳаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла коркарди маодин, кишоварзӣ ва саёҳати Тоҷикистон баррасӣ кардааст.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷӣ инчунин ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, аз ҷумла ташкил намудани бурсияҳои таълимӣ бо дарназардошти талаботи ҷониби тоҷикистонӣ барои ҷавонони тоҷик ва имконияти ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ байни пойтахтҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.
Шайх Абдулло ибни Носир изҳор доштааст, ки талош мекунад, то равобит бо Тоҷикистонро амиқтар ва пурмуҳтавотар созад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |