Бахшҳо

Додгоҳи таҷдиди назар ҳукми падари мухолифи узбакро бетағйир гузошт

Додгоҳи таҷдиди назари вилояти Қашқадарёи Узбакистон ҳукми додгоҳӣ алайҳи Ҳасан Чориев, падари 71-солаи сиёсатмадори мухолифи ҳукумати ин кишварро бетағйир гузошт.

Шуҳрат Рустамов, яке аз ҳуқуқшиносони узбак, ки дар рафти ин мурофиаи апеллятсионнии Чориев ширкат доштааст, мегӯяд, мурофиаи мазкур тақрибан як соат идома ёфта, муйсафеди 71-соларо танҳо дар асоси шикояти ҷониби ҷабрдида айбдор мекунад. Вале ба гуфтаи ӯ, Чориев худро гунаҳгор намедонад.

Рустамов мегӯяд, то ҳанӯз пайвандони Ҳасан Чориев наметавонанд, нусхаи ҳукми додгоҳи аввалиро дастрас кунанд.

Ҳасан Чориев дар таҷовуз ба номуси духтари 19-сола гумонбаршуда, аз тарафи додгоҳи шаҳри Қаршии Узбакистон ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Аксари ҳуқуқшиносони узбак мегӯянд, ин қазияи Ҳасан Чориев ангезаи сиёсӣ дошта, марбут ба фаъолиятҳои писараш Баҳодур Чориев мебошад.

Ба иттилои расонаҳои узбакӣ, ин падари мухолифи ҳукумати Узбакистон дар ҳоле пасипанҷара кашида шудааст, ки Баҳодур Чориев, писари калонии ӯ аз тасмимаш барои пешбарии номзади худ ба мақоми президентӣ хабар дода, Ҳаракати сиёсии «Бирдамлик» ("Ваҳдат")-и Узбакистонро ташкил намуд.
Мӯҳр
Ошно тоҷик Барои чи Шумо Узбек неву Узбак менависед , ин гапхои шумо мисле, ки таҷовуз ҳисоб мешавад ?

Братанак,
Аввалан мебахшед ман як китоби дастнависи кадимаи Алишер Навоиро бо забони форси хондам, ки дар хакикат اُزبک - узбак навишта шуда буд агар узбек мебуд чунин менавиштанд اُزبیک - узбек.... Аниктараш назар кунед:
اُزبک - узбак. ин тавр дар китоби кадимаи Алишер Навои навишта шудааст.
اُزبیک - узбек...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)