22 авг 2013 15:58---
Кормандони “Амонатбонк” дар тасарруфи маблағҳо муттаҳам мешаванд
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи як гуруҳ кормандони “Амонатбонк”, ки дар созиши пешакӣ барои тасарруфи маблағҳои давлатӣ айбдор мешаванд, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Ба иттилои манбаъ Раёсати оҷонсӣ дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузарондани санҷиш ва ҷамъоварии мавод дар филиалҳои Амонатбонк дар Исфара, дар соли равон 169 ҳазору 301 сомонӣ камбуди маблағ ошкор кардааст.
Ба гуфтаи масъулини Оҷонсӣ нозир-хазинадорони Бонки мазкур, Нуринбоева Гулчеҳра, Зарипов Тоҳир ва Мусоев Абдурауф дар он гунаҳкор мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ мудири ҳамин Бонк Назиров Абдуаллӣ, собиқ муовини бонк, Мирзомансурова Муҳаббатхон ва собиқ сармуҳосиб Каримова Моҳӣ бо роҳи сохтакорӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабиашон бо тасарруфи маблағҳои пулии "Амонатбонк"-и Исфара даст задаанд.
Масъулини Оҷонсӣ мегӯянд, аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |