Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Дипломати қирғиз ба ҷои кораш-Узбакистон баргашт
Қанатбек Шаршенбек, котиби аввали сафорати Қирғизистон дар Узбакистон ба шаҳри Тошканд баргашт. Дар ин бора хабаргузории АКИpress хабар додааст.
«Ӯ барои муайян намудани ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда ба Бишкек даъват шуда буд. Ҳоло таҳқиқоти хизматӣ ҷараён дорад. Ҳамсояҳо ва ронандаи Қанатбек Шаршенбек дар бораи ӯ ҳарфҳои мусбат гуфтаанд. Тибқи маълумотҳо хабарҳои дар нисбати вай нашршуда воқеият надоранд», - навиштааст манбаъ бо такя ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон.
Ёдовар мешавем, чанде қабл бархе расонаҳои Узбакистон аз ҷанҷоли дипломати қирғиз бо корманди ёрии таъҷилии Тошканд хабар доданд. Сафорати Қирғизистон дар Узбакистон изҳор дошт, воқеан миёни Қанатбек Шаршенбек ва корманди ёрии таъҷилӣ нофаҳмӣ ба миён омадааст, аммо маълумотҳои нашркардаи ВАО ҳақиқат надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |