Бахшҳо
22 авг 2013 14:32Тоҷикистон / Сиёсат

Тураҷонзода то ҳол ҳалномаи судро нагирифтааст

Ҳалномаи суд дар мавриди даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода алайҳи се руҳонии суғдиву хабарнигори ТВ «Суғд», ки беш аз 20 рӯз пеш содир шуда буд, то ҳол ба ҷонибҳои баҳс дастрас нашудааст.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Тураҷонзода, ки ният дорад, баъди гирифтани ҳалномаи суд шикояти кассатсионӣ барад, имрӯз, 22-юми август, дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, ба раисикунандаи парванда муроҷиат кардааст, аммо ӯ баҳонаҳои техникӣ оварда, то ҳол ҳалномаро пешкаш накардааст: «Дар ҳоле, ки Кодекси мурофиваии гражданӣ пешбинӣ намудааст, ки дар рӯзи қабули ҳалнома қисми хулосавии он эълон карда шуда, дар давоми панҷ шабонарӯз матни пурраи ҳалнома ба тарафҳо супорида шавад. Агар парвандаи баррасишаванда калонҳаҷм ва тарафҳо бисёр бошанд, қонун иҷозат додааст, ки суд дар муҳлати даҳ шабонарӯз ҳалномаро омода созад, аммо ин муҳлат ҳам гузаштааст.»

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо моҳи феврал дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 31-уми июл даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷикро, алайҳи се уламои Суғд рад кард. Қозии парванда гуфт, баррасии онҳо маълум карда, ки даъвои Тӯраҷонзода дар бораи паст задани шаъну эътибораш аз сӯи се рӯҳонии суғдӣ асос надорад.
Мӯҳр
Чаманоро
Домулло аз судбозии зиёд пир шудааст. Чо мени худута гам медихй? Муллоя чиву бо сиёсат кордор шуданаш чй? Тумору таштов дода, пула кисада зада бугард.

Чаманоро,
domullo amika pulu mole baroi perevarodi tojikiston giriftaast ki yak hayot bo avlodosh buxura basai.pir shud rohi perevarota ba kabiri yod dodesai.bisyor zirakai domulo.misle lenin va kori lenin.

muhamad
halnomai sudro namegirad inshoallo ba in kumrohkardani baaze mardum tojik va vazminish peshi khudo ast oli

Cалом кози домулло ман як мухлиси Шумо хастам...лекин аз хамин судбозихои Шумо хаста шудам. Ман як чизро намефахмам ба Шумо чи лозим хамин карори судхо... худо медонад, ки гунахгор ва ки бегунох... хаволаашонро ба худо кунед илтимос. Дигар вазифаи давлати хам надоред, ки аз вазифа мегиранд гуфта кашокаш кунед то хукматдорон фахманд, ки шумо хакед.......ба мухлисои Шумо маълум, ки ки хак мебошад...... Саломат бошед козидомулло.........

Сайёди Сайд
Чаманоро,
hisor,
muhamad,
Ин се хар чиро дониставу надониста, харф мезананд. Шумо борин инсонхои динситезу лаънати имруз духтари точикро дар назди башарият шарманда сохт.

далер
Он нокасоне ки сабаби чанги шахрвандиро сабагорашро устод акбарчони Турачонзода медонанд онхо аз донистани таърих хело дуранд мо медонем ки чанги шахрванди аз тарафи Русия ва Узбакистон болои мо тахмил шудабуд он хо намехостан д ки мо давлати исломи бисозем аз нодонии милати мо истифода кардан дер ё зуд иншоаллох хакикад маълум мешавад.Ин ду муллои дин фуруш хусусан мулло Хусенчон ки садкаи номи Хусайнчон шавад ин динфуруш ба чуз фитна андози дигар саводе надорад. Хар кас аз руи худо шохиди бидихад хонадони Турачон буданд,ки аз ислом хамеша дифоъ мекарданд.бачуз ин хонадон ки аз ислом дифоъ кард.Оё ин динфурушон ва масабпарастон

Чаманоро,
хммммм ))) пага у пули да киса задагиша аз х,алк,аш мекашанд мегиранд... Тура зан мардума чиву ба кори муллою домулло кор гирифтан чи¿... Занонро бувад бас хамин як хунар
Ки шинанду зоянд, шерони нар [ А. Фирдавси ]

хммммм)))) Нагз кууу¡¡¡ Пас тура чиву саратро ба сари муллою домулло мондан чии???? Занонро бувад бас хамин як хунар,
Ки шинанду зоянд, шерони нар. [ А. Фирдавси ]

Муҳоҷир
Гапи ин сеҳам мъно дорад бахшиш хафа шида боши муриди эшон боби

Субхоналлох
Асалому аллейкум ва Рахматуллохи ва Баракоту бародарои Исломи Худо умратонро зиёд кунаду зехнатонро бурро ! Худованд донотарин подшохи замину осмонай, агар дар ин дунё душман комиёб шавад дар он дунё комиёб шуда наметавонад.... Судяи ин дунёра мехари, судяи охирата не..... Худованд нигахтон дорад.

safar
khair ba guftai shumo janjolho khud az khud shud hamin khel nemi hoji akbar nabud

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)