Ҳушдори Amnesty International аз шиканҷаи шаҳрванди тоҷик дар Узбакистон
Созмони Amnesty International ё худ авфи байналмилалӣ, аз эҳтимоли мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрванди Тоҷикистон дар Узбакистон нигаронӣ кардааст.
Таърихи 25-уми апрел шаҳрванди Тоҷикистон, Абдумавлон Абдураҳмонов, барои дидорбинии фарзандаш аз оилаи аввали худ ба Узбакистон сафар карда, қарор буд, то рӯзи 28-уми апрел баргардад. Рӯзи 27-уми апрел бо бародари Абдумавлон ҳамсари каблиаш аз Узбакистон занг зада мегӯяд, ки номбурдаро мақомоти амниятии кишвараш боздошт кардаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон ду рӯзи аввал дар идораи пулиси ноҳияи Бекобод нигаҳдорӣ мешавад.
Дар ҳамин маврид Amnesty International аз боздошти Абдумавлон изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки эҳтимоли зиёд аст, то ӯ дар Узбакистон мавриди шиканҷаи шадид қарор бигирад. Аз он рӯз эътиборан хонаводаи Абдумавлон Абдураҳмонов ба ӯ умуман дастрасӣ надоштанд. 10-уми июн бо як тамоси телефонӣ марде мегӯяд, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Тошканд бо Абдумавлон Абдураҳмонов якҷо будааст.
Бародари Абдумавлон бо консулгарии Тоҷикистон дар Тошканд тамос гирифта, сабаби боздошти бародарашро суол мекунад. Дар робита консулгарии Тоҷикистон аз Вазорати умури хориҷаи Узбакистон омилҳои аслии боздошти шаҳрванди худро дархост мекунад. Дар ҷавоб 30-юми май мақомоти Узбакистон гуфтааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи пулиси Бекобод боздошт нашудааст.
Падари Абдумавлон Абдураҳмонов ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон муроҷиат карда, дархости муайян намудани ҷойи нигоҳдории писарашро кардааст. Муроҷиати расмии ваколатдори Тоҷикистон ба ҳол беҷавоб мондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |