Хабарнигор мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт
Игор Ларра, хабарнигори нашрияи мустақили “Свобода Слова” ё «Озодии баён» дар шаҳри шимолу ғарбии Оқтеппаи Қазоқистон лату куб шудааст.
Созмони дидбони ҳуқуқи хабарнигорон бо номи Одил Соз, ки дар Алмаато мақар дорад, гуфтааст, шоми сешанбе чор фарди ношинос бо калтакҳои оҳанин ба хабарнигор ҳамла кардаанд.
Ларра баъди лату куб аз ҳуш рафтааст. Гуфта мешавад, ҳамлагарон пул ва ҷиҳози хабарнигорияшро даст нарасондаанд.
Худи хабарнигор гуфтааст, барои гузоришҳои танқидӣ дар бораи волии минтақаи Оқтеппа шояд лату куб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |