Хонандаи синфи 9 дар дастдарозӣ ва куштори писари 9-сола муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми дастдарозӣ ва куштори писарчаи 9-сола дар вилояти Хатлон як хонандаи синфи 9-ро боздошт намудааст.
Қаблан ин ниҳод иттилоъ дод, ки тахминан соати 18.00-дақиқаи рӯзи 19 августи соли равон аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии Асадулло, ҷамоати деҳоти Даҳана-киики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ҷасади ноболиғи 9-сола бо аломатҳои бачабозӣ ва марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Ба иттилои манбаъ ҳангоми азназаргузаронии ҷасад дар бадани ноболиғ 16 зарбаи олоти тези бурандаю халонидашуда ба қисмати гардан, аз пеш ва қафо ба назар мерасид.
Тавре Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД имрӯз, 22-юми август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин ҷиноят давоми як шабонарӯз, аз ҷониби гуруҳи махсуси созмондодаи вазири умури дохилӣ ошкор карда шуд: “Барои содир намудани ин ҷинояти махсусан вазнин ноболиғ Ғ.Х соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Фахробод, деҳаи Ҳисоробод, хонандаи синфи 9-уми Мактаби таҳсилоти умумии №3, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуда, айни замон тафтишот идома дорад.”
Вазорати умури дохилӣ таъкид намуд, ки содиршавии чунин ҷиноятҳои махсусан вазнин чӣ аз ҷониби ноболиғон ва чӣ нисбати онҳо бояд ҳисси масъулиятшиносиро дар замири падару модарон бедор намуда, дар таълиму тарбия ва назорати фарзандони хеш ҷиддӣ муносибат намоянд, то онҳоро аз ҳар осебу газанди рӯзгор ҳифз намуда бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |