Бахшҳо

Оҷонсии фасод ҷузъиёти боздошти собиқ судяи Душанберо ифшо кард

Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон бо пахши як иттилоия ҷузъиёти боздошти собиқ судяи Душанбе, раиси суди ноҳияи Нуробод, Алимов Абдулҳакимро баён кардааст.

Ба иттилои оҷонсӣ Алимов Абдулҳаким, ки қаблан дар вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе кор мекардааст, моҳи июни соли 2012 аз вакили мудофеъ Саъдуллоев. Б барои ба манфиати зерҳимояи ӯ ҳал намудани баҳси манзилӣ пора талаб кардааст.

Ба иттилои Оҷонсӣ, Алимов ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ, ба ивази 7000 доллари амрикоӣ ба порадиҳанда ваъда додааст, ки шахсан баррасии баҳси мазкурро ба истеҳсолоти худ гирифта, ба манфиати зерҳимояи Саъдуллоев, Раҳимова З.Ҳ. ҳал хоҳад кард.

Ба иттилои Оҷонсӣ Саъдуллоев. Б дар утоқи кории судя ба ӯ 2000 доллари ИМА пешниҳод мекунад, аммо судя розӣ нашуда талаб менамояд, ки миқдори талабкардаашро ба пуррагӣ оварда диҳад: “Адвокат ин талаби судя Алимовро ба зерҳимояаш мерасонад, аммо зерҳимояаш Раҳимова З.Ҳ. ба суханҳои адвокат бовар накарда хоҳиш менамояд, ки шахсан бо судя ҳамсӯҳбат шавад. Сипас дар утоқи кории судя Алимов дар ҳузури адвокат аз Раҳимова З.Ҳ. маблағи 7000 доллари амрикоиро талаб менамояд. Раҳимова З.Ҳ. ба дасти адвокат 7000 доллари амрикоиро қарз гирифта медиҳад, ки сипас ин маблағҳоро Алимов А.В. дар утоқи кориаш гирифтааст.”

Оҷонсӣ мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони агентӣ ва прокуратура ин амал ифшо шуда, нисбати собиқ судяи шаҳри Душанбе, Алимов Абдулҳаким барои гирифтани пора, аз тарафи Прокурори генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.

Ба иттилои манбаъ айни ҳол нисбати Алимов чора дар намуди ҳабс татбиқ карда шудааст.
Мӯҳр
Чабрдида
Ин хел судяхои харомхурхо бисёранд пул гирифта бахсро ба тарафи хамон хал мекунанд. Инсоф дар суду прокатура нест нагз дида бароед ин хел Алимовхо бисёранд

Хакикатчу аз Марказ
Ахсан ба Шумо аз хама шохаи давлат, ки ба фасод саро по олудааст ва инсофу вичдон надоранд. 99%-и ин судияхо хароман. Ба сабабе, ки карорро худашон мебароранд на аз ХУДО(Ч) метарсанд ва на аз Конун, Як нишонаи дигар ба Шумо кормандони Агенти ин Судихои нохияхои шахри Душанбе, махсусан нохияи Сино. Судия Муллоев падараш корманди вазорати корхои дохили. Масъапаро ба манфиати касе хохад хал мекунад, аз бало наметарсад, барои САРПУША дорад. Лекин фикр мекунам вакту соати онхо низ мерасад. Ба кормандони Агенти дар рохи халолу росту пок барору бурдбори тамано дорам.

777
Корупсия тамомои шохахои далатро фаро гирифтааст.. Хукумати Чумхуриро хукумати дуздону порахурон мегуяед. ,ки ин дар хакикат наздик аст.... Президенти оянда саравал дар ин бора бояд фикр кунад.... Вагарна пояи давлат фано меёбад.... Кормандони корупчия як маротиба ба нохияи Варзоб сафар кунед..... Вазирон,чонишонионхо,кормандони хифзи хукук ва ахли Оила чи гуна дачахоро сохтаанд..... Дар Амрико ин гуна сохтмонхоро дарёфт намекуни.... Фаъолияти макомоти корупчия самарабахш нест..... То хол ягон мансабдори олимаком хешу таборхои онхо,момнополистон ба махкама кашида нашудаанд.. Парвандаи чинлои Гоибов,Очилови сарсахт ,Саидов заказной хастанд Бо ин парвандахо обруй гирифтан номумкин аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)