Расулиён курсии декани факултаи журналистикаро ихтиёран гузоштааст
Фаррух Ҳайдаров, мудири шуъбаи Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, декани факултаи журналистикаи ин донишгоҳ таъин гардидааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз садорати донишгоҳ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ Фаррух Ҳайдаров номзади илмҳои филологӣ, дотсент буда, имрӯз маросими шиносоӣ ва муаррифияш дар факултаи журналистика баргузор гардидааст.
Ҳайдаров дар ин вазифа Қаҳҳори Расулиён, доктори илмҳои таърих, профессорро иваз намуд, ки аз моҳи майи соли 2011 то ҳол вазифаи декани факултетро иҷро намуд. Дар шарҳи сабаби барканории Расулиён манбаъ афзуд, ки “чун Расулиён таърихчӣ буд, бо хости худашон ба роҳбарии кафедраи таърихи халқи тоҷик гузаштанд ва ба ҷояш Ҳайдаров таъин шудааст.”
Қаблан фаъолияти садорати ин факулта мавриди таваҷҷуҳи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд ва хостори он шуд, ки кадрҳои нав дар фазои ватандустию касбӣ тарбия ёбанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |