Дар Қазоқистон бақайдгирии муҳоҷирон сода мешавад?
Қазоқистон мехоҳад, қавонини будубошро барои муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар сода кунад.
Ба иттилои расонаи қазоқии Tengrinews.kz, Серик Саинов, сардори Шуъбаи пулиси муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Қазоқистон мегӯяд, ба зудӣ низоми будубош барои муҳоҷироне, ки дар ин кишвар бо корҳои сохтмонӣ, хоҷагидорӣ ва нигоҳубини кӯдакон машғул мешаванд, сода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Саинов, ин ниҳод дар ин маврид лоиҳаи қонунеро ба парлумон ироа кардаааст, ки он ҳоло дар ҳоли баррасӣ мебошад.
Саинов мегӯяд, қонуни амалкунандаи Қазоқистон барои муҳоҷирони корӣ хеле мушкил пеш меорад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, бештари муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар бо роҳи ғайриқонунӣ ба сар мебаранд: “Бештари онҳо намегӯянд, барои кор омадаанд, балки мегӯянд, ба меҳмонӣ омадаем.”
Маврид ба зикр аст, ки баҳори соли ҷорӣ ба парлумони Қазоқистон лоиҳаи қонуне пешниҳод шуда буд, ки бар асоси он муҳоҷирон дар ин кишвар дар сурате иҷозаи кор мегиранд, ки андоз супоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |