Бино ба гуфтаи бону Муродова ҳукумати ин кишвар тарафдори афзудани ихтилоф ва зиддиятҳо дар умури мазҳабии мардум, бахусус пӯшидани либоси мусулмонӣ нест. «Озорбойҷон кишвари демократист ва давлат тарафдори баррасии ин масъала аз роҳи қонунӣ мебошад»-гуфт зимни як сӯҳбат ба хабарнигорон ба масъалаи ҳамойиши эътирозии чанд рӯз қаблии мардум дар назди вазоратьи маорифи кишвараш дахл карда.
Аммо ба эъломияи охири муовини раиси порлумони ин кишвар нигоҳ накарда, то ҳанӯз масъулини соҳаи омӯзишу парвариш толибилмони макотиби ҳамагонии кишварро аз воридшави ба дарс бо рӯсарӣ ва ё ҳиҷоб боз медоранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 май як гурӯҳи волидон, ки ҳудуди беш аз 150 нафарро ташкил медоданд, дар назди бинои вазорати морифи Озарбойҷон таҷаммӯъ карда хостори истеъфои вазири маорифи кишвар шуданд. Хамойишгарон тасмими ин ниҳодро дар хусуси манъи рафтани хонандагон бо русарӣ ба дарсро нақзи ҳақашон оид ба эътиқод донистаанд.
Дар натиҷаи тасмими пароканда кардани онҳо миёни пулис ва мардум задухӯрд ба амал омада, чандин тан аз мардуми эътирозӣ ҷароҳат бардошта буданд.
Гуфтанист, вазорати маорифи ин кишвар барои соли таҳсили 2010-2011 тарҳи либоси ягонаи мактабиро пешниҳод намуда буд, ки дар он пӯшидани ҳиҷоб ё рӯсарӣ нишон дода нашудааст.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |