Бардошти Додоҷон аз боздошту раҳоияш дар Гурҷистон
Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, ки шаби 19 ба 20-уми август, дар фурудгоҳи Тбилисӣ боздошт гардида буд, бо дахолати мақомоти Олмон ва созмони хабарнигорони бидуни марз раҳо шудааст.
Ин хабарро дар суҳбат бо “Озодагон” наздикони Додоҷон таъйид намуда, изҳор доштанд, ки ӯ соати 5 бо вақти Гурҷистон раҳо шуда, айни ҳол дар Олмон, ки ба ӯ ҳаққи паноҳандагӣ додааст, қарор дорад.
Худи Додоҷон аз Олмон бардошташро аз боздошту раҳоияш дар Гурҷистон чунин шарҳ медиҳад: “Мақомоти тоҷик дақиқ медонистанд, ки ман ба Тбилисӣ парвоз дорам. Шояд касе хабаркашӣ кардааст, ё хадамоти кашшофии кишвари дигар кӯмак кард, ки хабар ёфтанд ва як ҳайати қудратиёни тоҷик дар Тбилисӣ ҳузур доштанд, то мақомоти Гурҷистонро барои истирдоди ман ба Тоҷикистон розӣ кунанд.” Ба гуфтаи Додоҷон дар ин ҳолат ӯро дахолати Олмон халос кардааст ва вай дигарбора озод шуд.
Додоҷони Атовуллоҳ дар сафҳаи фейсбукияш мегӯяд, озодияш баёнгари он аст, ки мақомоти Гурҷистону Олмон мақомоти Тоҷикистонро ҷиддӣ намегиранд ва дархости Тоҷикистон ба Интерпол барояшон аҳамияте надорад: “Ҳама аллакай медонанд, ки Душанбе Интерполро на ба хотири мубориза бо ҷинояткорӣ, балки ба ғаразҳои сиёсию шахсӣ истифода мебарад.”
Субҳи 20-уми август, Додоҷон дар лаҳзаҳои аввали боздошташ, дар саҳифаи фейсбукияш аз қавли монбеъ навишта буд, ки ӯро ҳабс нахоҳанд кард ва базудӣ озод хоҳад шуд. Ӯ ҳангоми парвоз аз Прага ба Тбилисӣ боздошт шуда буд ва тавре худи ӯ иттилоъ дод, "боздошти ӯ бо дархости интерпол сурат гирифтааст ва айни ҳол интизори қарори ҳукумати Гурҷистон мебошад.
Ба навиштаи Додоҷон мақомоти тоҷик ӯро дар терроризм муттаҳам мекунад ва мақомоти гурҷӣ ӯро чанд бор мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.
Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, рӯзи 15-уми июл дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав низ дар ҳоле, ки ӯ аз Прага бармегашт, боздошт шуда буд, аммо баъди чанд соат дубора ба Прага фиристода шуд.
Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон мебошад, ки дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам медонанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоҳро ба Ватан истирдод намояд.
Додоҷони Атовуллоҳ тобистони соли 2001 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда, вале баъд аз якуним рӯзи ҳабс раҳо гашта буд. Он вақт созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз боздошти ӯ шадидан интиқод карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |