Шабонарӯзи гузашта бар асари оббозӣ чор нафар ҷони худро аз даст доданд.
Тибқи иттилои ВКД соати 09:00-и рӯзи гузашта Далерҷон Ҳомидови 18 сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Холматови шаҳри Чкалов ҳангоми оббозӣ дар дарёи «Сир» аз беэҳтиётӣ ғарқ мешавад. Соати 16:00-и ҳамон рӯз Диловари Хуршедзод замони оббозӣ кардан дар рӯди Кофарниҳон зери об меравад. Номбурда сокини шаҳри Душанбе буда, дар мактаби таҳсилоти умумии №4 дар синфи 7 таҳсил мекардааст. Баъди 40 дақиқаи ин ҳодиса дарёи Кофарниҳон ноболиғи дигареро ба ком кашид. Ҷаҳонгири Мирзошои 12 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошими Бадахшони Кӯҳӣ низ зимни оббозӣ дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудааст. Ҳамаи ҷасадҳо баъди азназаргузаронӣ ба волидонашон супорида шудаанд. Ҳодисаи дигари нохуш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба вуқӯъ пайвастааст. Сокини маҳаллӣ Алай Аскарови 76 сола ҳангоми оббозӣ дар ҳамомхонаи манзили истиқоматиаш аз беэҳтиётӣ дасташро ба ноқили обгармкунаки барқӣ расонида, аз шиддати нурӯи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. {jathumbnail off}
Мӯҳр