Бахшҳо
21 авг 2013 10:35Тоҷикистон / Тема дня

Тул кашидани ҳузури муфтӣ дар Бадахшон сафараш ба Бишкекро лағв кард

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии “Дин ва Амният” дар Қирғизистон иштирок нахоҳад кард.

Тавре аз қабулгоҳи раиси Шӯрои уламои кишвар ба “Озодагон” иттилоъ доданд, сафари Сайидмукаррами Абдулқодирзода ба Қирғизистон, ки қарор буд имрӯз 21-уми август сурат бигирад, лағв шудааст.

Манбаъ мегӯяд, аз сабаби он ки сафари раиси Шӯрои уламои кишвар ба вилояти Бадахшон ба дарозо кашид, ӯ наметавонад дар конфронси байналмилалии “Дин ва Амният” дар шаҳри Бишкек ширкат варзад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаи қирғизии “vesti.kg” аз баргузории конфронси мазкур дар Бишкек хабар дода гуфта буд, интизор меравад, дар ин конфронс Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо ҳамтоёни русу турк ва қазоқи худ иштирок карда, суханронӣ намояд.

Конфронси байналмилалии “Дин ва Амният” имрӯз 21-уми августи соли ҷорӣ дар меҳмонсарои “Ак Кеме”-и шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад.
Мӯҳр
Як марди Худо
Аслан, Абдулқодирзода ҳарфе барои гуфтан дар ҳамоиши Бишкек надорад. Зеро ҳам худ ва ҳам идораи шӯрои исломии вобаста ба давлатро барои иқдомоти зиддиисломӣ шармандаву шармсор мекард. Акнун баҳона пеш меорад ки ба далели тӯлонӣ шудани сафараш дар Бадахшон, наметавонад ба Бишкек равад.

малик
савод ки нест бахона сафари Бадахшон.

муаллим
...нони чави хурдагй ...

али
Ана инаст окибати хокзани,ин шарманда медонад дар Конфронси исломи бояд аз куръону аходиси Паембар ва барои пуштибони аз Ислому Мусалмон сухан гуяд. Лекин ин муъчизаи одамсурат Мукарам медонад ки дар ончо уро чи интизораст ба он саволхоеки дода мешуд бояд чавоб гуяд,лекин у чизи гуфтан надорад. Бародарон аз Афгонистон,Туркия,Узбакистон,Киргизистон умуман касе аз корхои Мукарам бохабаран ангушти хайрат мегазанд ва аз мепурсанд ки наход дар Точикистон муфти як давлат бар зиди Ислом барои мансаб мубориза барад,мутаасифона чавоби инкоркарданро мо надорем. Зеро дар мохи Шарифи Рамазон кудакони то хаждахсоларо коркунони хифзи хукук бо САГ аз масчид дар яке аз масчидхои кучаи Каротегин ронданд. Инаст хизмати Мукарам. Ана барои хамин иштироки у дар тамоми конфронсхои Исломи имконнопазираст. Ва у низ медонад ин шармандагиаш дар тамоми ВАО дигар давлатхо чоп мешавад,Помир барои у бахонае беш нест. Саидмукарам агар каму зиед гуфтабошам чавобатро интизорам.

Тема темаи Мукарам нест чаро,ки Дин худ амният аст агар уро аз руи гуфти Аллоҳу Расулаш пайрави куни на аз руи қонунҳои дунёи ва зидди дини.аммо ин гумроҳ чи кор кард зидди дин мубориза бурду мусалмонони воқеъиро яктарафа карда ҳаммаслакони худашро (лаганбардоронро) руи кор овард.

abdusamad
kasoneroki yaktarafa kard ba foidai mardum shid naboshad boz miting va kushtor baini musulmonon baroi obru va vazifa in korash ba foidai tojikon ast lekin ba islom zarar narason az khudo tars

Дар Бадахшон ягон кас аз мукарам истикбол накардан дар нохияи Ванч дар намози чумъа иштирок намуда як чизро водор намуд ки Ислом ба хизб ниез надорад аммо сад хайф ки аз мукарам дигар обу руй намондааст бовари дорум ки дар дигар манотики Бадахшон мукарамро нагз медонанду мешиносан

Дар Рушонам хам чунин ягон кас гайр аз кормандони хукумати мукарамро истикбол накарданд Афсус ки муфти худро дар ин роххои вайрону валангор захмат дод

Рустам
Як марди Худо,
Чи хеле ки мегуянд Занаки гузина нони чав бахона. Боз русхо мегуянд, ки "Хорошому танцору яйцо мешает".
Аз шармандаги дигар намедонад чи бигуяд. Ана акнун фахмидам ки барои чи ба Бадахшон рафта буд. Барои мардуми Бадахшона бар зиди ХНИТ хезондан. Аз ин дигар шармандаги мешавад? Барои чи мамлакате ки аксарияташ мусулмон аст хизби Исломи набошад. Хол он ки чаноби оли сарвари давлат мухтарам Эмомали Рахмон аз минбархои баланди СММ ва дигар давлатхо мегуянд ки Точикистон ягона давлати демократи хаст, ки Хизби Исломи дорад. Эх аз ин дигар шармандаги мешавад магар?? Худованд кулли мусулмононро ислох кунад.

ПЛОХОЙ ТАНЦОРА ЯЙЦО МЕШАЕТ

Муфтии муфт!! барои чи ман шУМОРО "муфт" гуфтам, чунки ин вазифаро муфт гирифтаед, инро хама медонанд. Ягон вакт барои ислом хизмате кардаи? Модом ки хамин тавр хаст биёед худатонро гам надихед, чунки дар назди худо бисёр масъулияти вазнин доред. Козию Муфтие, ки хилофи шаръ кор мекунанд дар рузи киёмат сархояшонро дар осиёби Худованд орд карда мешавад. Барои ту хамин басанда хаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)