Варзишгари навраси тоҷик дар гурзандозӣ дуюм шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон, ки дар шаҳри Нанҷинги Хитой ҷараён дорад, боз соҳиби як медал шуданд.
Зоир Шералиев гурзандози тоҷик ба дарёфти нишони нуқра мушарраф гардид. Ӯ гурзро ба масофаи 62 метру 44 сантиметр ҳаво дод. Дар ин сабқат медали тилло насиби варзишгари чинӣ - Юанбо Динг шудааст, ки гурзро ба масофаи 73 метру 73 сантиметр ҳаво партофт. Ҳусейн Ал-Байати аз Ироқ бо натиҷаи 62 метру 11 сантиметр мақоми сеюмро касб намудааст.
Хотирасон мекунем, аз ин пеш Фаррухи Салим дар сабқати дзюдо дар вазни то 81 кило ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |