Мушовири президент гуфтаҳояшро дар мавриди салафия шарҳ дод
Саймурод Фаттоев, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон, изҳороти ахираш дар мавриди муносибати давлат ва динро, ки аз ҷониби бархе ҳамчун ҳимоят аз мазҳаби салафия талаққӣ шудааст, шарҳ додааст.
Фаттоев 15-уми август, дар ҷаласаи «Маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ» дар мавзӯи “Муносибати давлат ва дин дар ҷомеа” ибрози назар карда, аз ҷумла зикр намудааст, ки 4-уми июл дар мулоқот бо руҳониён президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "давлати Тоҷикистон барои бароварда кардани ниёзҳои динии мусулмонон ва намояндагони дигар мазҳабу динҳои кишвар тадбирҳои сершумор амалӣ намудааст ва хоҳад кард.”
Бо ишора ба гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаводиси хунини олами араб Саймурод Фаттоев афзудааст, ки барои оромиш ва субот дар ҷомеа принсипи дунявият аз ҳама беҳтар аст: “Чунки дар ҷомеаи дунявӣ ҳар нафар дар интихоби ақидаи динӣ ва ҷаҳонбинӣ озод аст ва ҳеч кас ҳақ надорад, ақидаи худро ба дигарон таҳмил кунад.”
Мушовири давлатии президент ҳангоми муҳокимаронӣ дар мавриди эҳтиром гузоштан ба арзишҳои динию мазҳабӣ таъкид намудааст, ки “дар мавриди дину диёнат, мазҳабу ҷараёнҳо ботаҳаммул бошем, аз тундгароӣ роҳ нагирем ва мо бояд коре кунем, ки ба иззати нафси намояндагони дину мазҳабҳои дигар нарасем. Зеро бархе аз онҳо дар баъзе кишварҳои ҷаҳон характери расмӣ доранд. Масалан, ҷараёни салафия ҳарчанд дар кишвари мо мамнуъ эълон шуда бошад ҳам, вале дар кишвари Арабистони Саудӣ аксари мардум аз он ҷонибдорӣ мекунанд.”
Бо ишора ба он, ки таҳлилгарон ва бархе аз руҳониён ин изҳороти мушовири давлатии президентро як навъ тағйир ва таҳриф намуда, онро ҳамчун муносибати давлат ба салафиҳо талаққӣ кардаанд, хабаргузории "Ховар" аз Саймурод Фаттоев бори дигар хоҳиш намудааст, ки гуфтаҳои худро барои омма ташреҳ диҳад.
Дар шарҳи Фаттоев аз ҷумла омадааст, “он чи ки ман дар ҳамон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ изҳор доштам, баъзе рўзноманигорону коршиносон онро ба манфиати худ истифода карданӣ шуда, гуфтаҳои мазкурро таҳриф карданд. Гап сари он меравад, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, эътиқод ба ин ё он дин озод аст. Яъне ҳар кас метавонад ба кадом дине ки хоҳад гаравад: он хоҳ исломӣ бошад, хоҳ насронӣ. Ё метавонад, ки дорои мафкураи даҳрӣ бошад. Фақат шарти муҳим он аст, ки Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро риоя намояд, ба ихтилофи динию мазҳабӣ, миллию нажодӣ роҳ надиҳад. Танҳо дар ҳамин сурат ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн ва сулҳу субот дар ҷомеа таъмин мегардад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |