Фарзияи мақомоти қирғиз оид ба куштори хонаводаи тоҷик дар "Чоркуҳ"
Қирғизистон мегӯяд, омодааст, ба мақомоти тоҷик дар раванди тафтишоти қатли 4 узви як хонавода дар ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара кумак кунад.
Дар ин бора Токон Мамедов, муовини нахуствазири Қирғизистон оид ба умури амниятӣ баъд аз мулоқоти худ бо ноиби нахуствазири Тоҷикистон, Муродалӣ Алимардонов, ба рӯзноманигорон хабар додааст.
Ӯ гуфтааст, шоми рӯзи 19 ва 20-уми августи соли ҷорӣ дар минтақаи марзии ду кишвар, наздики манотиқи аҳолинишини бо номи Самарқандаки Қирғизистону Сурхи Тоҷикистон садои тир шунида шудааст: “Ба ҷои ҳодиса марзбонон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳам тоҷик ва ҳам қирғиз ҳозир шуданд. Дар Сурхи Тоҷикистон 4 узви як хонавода ба қатл расонида шудааст.”
Ба гуфтаи муовини нахуствазири Қирғизистон оид ба умури амниятӣ, азбаски ин ҳодиса дар минтақаи баҳсноки марзии ин ду кишвар рух додааст, эҳтимол, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин қазия қирғизҳоро айбдор мекунад.
Мамедов афзудааст, ки дар наздикии минтақаи бо номи Сурхи Тоҷикистон як оилаи қирғиз ҷашни хонаводагӣ доштаанд ва чунин фарзия вуҷуд дорад, ки ин ҳодиса дар пайи як муноқашаи хонагӣ ба миён омадааст.
Маврид ба зикр аст, ки шоми 19 ба 20-уми август, дар ҷамоати Чоркуҳ, дар наздикиҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон болои як хонаводаи тоҷик шабохуни мусаллаҳона сурат гирифтааст. Дар натиҷа 4 узви ин хонавода аз сӯи афроди номаълум ба қатл расонида шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |