Додгоҳ шаҳрванди Узбакистон ва фарзандони ноболиғашро депорт кард
Як шаҳрванди Узбакистонро бо ду фарзанди ноболиғаш аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд.
Бино ба иттилои расида, ин мард аз моҳи апрели соли 2013 дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурдааст. «Муҳлати патенти ӯ барои анҷоми фаъолияти меҳнатӣ ҳанӯз моҳи март ба охир расида, аммо барои қонунӣ кардани буду бошаш талош накардааст»,-навиштаанд расонаҳо.
Бо қарори додгоҳи шаҳри Киров ӯ 2000 рубли русӣ ҷарима шуда, ҳамчунин аз ҳаққи мондан дар қаламрави Русия низ маҳрум шудааст. Ин мард ду фарзанди ноболиғ ҳам доштааст, ки онҳоро худаш тарбият мекунад. Завҷааш дар қайди ҳаёт набудааст.
То замони депорт мард дар боздоштгоҳи вижаи раёсати умури дохилии Киров ва фарзандонаш дар яке аз ятимхонаҳо нигоҳдорӣ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |